Барлах, Эрнст Генрих

Эрнст Ба́рлах (олмонӣ: Ernst Barlach, 2 январи 1870, Ведел, Голштейн — 24 октябри 1938, Росток) — пайкарасоз, график, нависандаи олмонӣ, яке аз ашхоси барҷастаи равияи экспрессионизм.

Барлах, Эрнст Генрих
олмонӣ: Ernst Barlach
Суратҳо
Таърихи таваллуд 2 январ 1870(1870-01-02)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 24 октябр 1938(1938-10-24)[4][2][5][…] (68 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Дар мактаби бадеиву саноатии Гамбург (1888-91), АР Дрезден (аз с 1891), инчунин Париж таҳсил кардааст (1895-96). Эрнст Барлах баъди ташрифаш ба Россия (1906) аз чӯб бо номи «Силсилаи русӣ» пайкараҳо сохт, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Соли 1909 ба Флоренсия сафар кард. Аз с. 1910 дар Гюстров доимӣ умр ба сар бурд. Аз с. 1919 узви АР Пруссия дар Берлин. Эрнст Барлах дар муҷассамаҳояш таъсири санъати пайкарасозии асримиёнагии олмониро бо экспрессионизм ва символизм даромехт. Ӯ санъати пайкарасозиро бо диди нав ва истифодаи таъсирбахши тобишҳои биринҷӣ ва чӯб ғанӣ гардонд («Ҳайкали қурбоншудагон» дар калисои ҷомеи Магдебург ва «Фариштаи паррон» дар Гюстров намунаҳои ансамбли меъмории нав мебошанд). Муаллифи якчанд асарҳои драмавии дорои хусусияти фалсафию тасаввуфист, ки бо тасвирҳои эҷодкардаи худаш ба табъ расидаанд. Китобҳои худаш ва нависандагони дигарро оро додааст. Ба асари «Фауст»-и И. В. Гёте тасвирҳо кашидааст (кандакорӣ дар чӯб, 1923). Бо барқарор гардидани низоми фашистӣ (1933) Эрнст Барлах гирифтори таъқиб гардид, асарҳояшро аз осорхонаҳо гирифтанд, пайкараҳо ва муҷассамаҳояшро аз байн бурданд. Ӯ нигораҳои бисёре ба равиши графикӣ ва ҳаккокии рӯи чӯб сохтааст. «Марде, ки шамшер мекашад» (1911), «Зани деҳқон» (1930) аз ҷумлаи осори пайкарасозии ӯ мебошанд.

Намунаҳо аз осорВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Ernst Barlach
  3. Ernst Barlach (ингл.) — 2006. — ISBN 978-0-19-977378-7
  4. 4.0 4.1 4.2 Барлах Эрнст // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. KulturNav (ингл.) — 2015.

АдабиётВироиш

  • Маркин Ю., П. Э. Барлах. Пластические произведения. М., 1976;
  • Новая российская энциклопедия. Т. 2. М., 2005.
  • .دائرةالمعارف هنر. تهران، ۱۳۹۰

СарчашмаВироиш