Барот (ар. برات‎ — гувоҳнома, ваколатнома, ҳуҷҷат) — яке аз санадҳои муҳимми соҳаи тиҷорат.

Ба воситаи барот касе ба дигаре дастур медиҳад, ки маблағи муайянеро дар замони мушаххас дар ваҷҳ ё ба ҳаволакарди шахси сеюм пардохт намояд Дастурдиҳандаро бароткаш, баротдиҳанда ё содиркунанда, касе ки ба ӯ дастур дода шудааст, баротгир ва шахси сеюмиро доранда меноманд. Баротро чун шаҳодатнома барои аз андозе озод кардани шахс низ медоданд. Ин санад масъулияти касро барои ситондани андоз низ далолат менамуд ва ин қабил шахсонро давотдор ҳам меномиданд. Дар барот ном, мансабу вазифа ва сабаби додани он зикр меёфт. Салоҳияти он бо нишон ва муҳри давлатӣ тасдиқ карда мешуд. Тоҷирони мамлакатҳои мусулмонӣ аз садаҳои нахустини интишори ислом аз ин санад фаровон истифода мекарданд ва шахсони алоҳида, ки «котиби барот» унвон доштанд, хеле бомаҳорату шуҳратёфта буданд. Барои мувассаҳии ин санад бар изофаи имзо ва муҳр риоя намудани чанд шарту нукта муҳим ва зарур буд: зикри калимаи «Барот», таърихи таҳрир, номи баротгиранда, маблағи барот, таърихи пардохт, макони пардохт, шумораи нусха (ба шарте, ки агар санад дар чандин нусха тартиб дода шуда бошад). Дар муомилоти тиҷоратии дохилӣ ва байналмилалӣ аз ин санад, ки воситаи муҳимми пардохт мебошад, дар замони мо низ васеъ истифода мебаранд.

Адабиёт

вироиш
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 1. М., 1969;
  • دائرةالمعارف بزرگ اسلامی.ج ۱۳. تهران، ۱۳۸۳؛
  • فرهنگ معین. تهران، ۱۹۹۶.

Сарчашма

вироиш