Барселона (Венесуэла)
Барселона (исп. Barcelona) — шаҳри бандарӣ, пойтахти иёлати Ансоатегии давлати Венесуэла. Дар соҳили дарёи Невери, дар масофаи 5 км дуртар аз резишгоҳи он ба Баҳри Кабир ҷойгир аст. Аҳолиаш 752 ҳазор нафар (2012).
Шаҳр | |||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Барселона исп. Barcelona | |||||||||
| |||||||||
|
|||||||||
Кишвар | Венесуэла | ||||||||
Иёлат | Ансоатеги | ||||||||
Мунисипалитет | Барселона | ||||||||
Координатаҳо | 10°08′00″ а. шим. 64°41′00″ т. ғ.HGЯO | ||||||||
Мир | Guillermo Martínez Vílchez[d] | ||||||||
Таъсис | 1638 | ||||||||
Масоҳат | 76,5 км² | ||||||||
Забони расмӣ | испанӣ | ||||||||
Аҳолӣ | 424 819 нафар (2005) | ||||||||
Коди телефон | +58 Шаблон:Без начала | ||||||||
ТаърихВироиш
Барселона соли 1638 аз тарафи истилогари (конкистатори) каталонӣ Хуан Орпи бунёд ёфтааст. Дар охири садаи XVIII чун бандар барои интиқоли ҳайвонот ва гӯшт ба ҷазираҳои Антил истифода мешуд. Бо ҷазираҳои Фомаи Муқаддас, Кюрасао, Тринидад, Лавайр ва Куман муносибатҳои тиҷоратӣ дорад. Истеҳсоли нафт ва ангиштсанг ба роҳ монда шудааст ва з-дҳои коркарди ин маҳсулот маҷуд аст. Саноати нассоҷӣ, нафту кимиё, коркарди чарм ва хӯрокворӣ рушд кардааст. Аз ёдгорҳои таърихӣ калисои ҷомеъ маҳфуз мондааст.
АдабиётВироиш
- Барселона, город в Венесуэле // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
ПайвандҳоВироиш
СарчашмаВироиш
- Барселона // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |