Бар (воҳиди ченак)
Бар (ифодаи тоҷикӣ: бар; байналмилалӣ: bar; аз юн. βάρος — вазнинӣ) — воҳиди ғайриманзумавии фишор ва шиддати механикӣ. Як бар баробари 105 Па[3] ё 106 дин/см² (дар системаи СГС).
Нишондиҳандаи ченак | bar[1] ва бар |
---|---|
Conversion to SI unit | 100 000 Pa |
Conversion to standard unit | 100 000 Pa, 99 999,96973389 Pa, 100 000,0033725 Pa, 99 999,99944222 Pa, 99 900,077804 Pa, 99 997,226 Pa, 99 999,988974 Pa, 99 999,9797 Pa, 99 999,979 Pa ва 1 000 mbar[2] |
Measured physical quantity | pressure[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Пештар бар воҳиди фишор ва шиддати механикӣ буда, барий ё бария номида мешуд ва баробари 106 дин/см² буд. Ҳоло бар дар илми обуҳавошиносӣ (метеорология) ба сифати воҳиди фишори атмосферӣ истифода шуда, муодили фишори сутуни симобии баландиаш 705,08 мм (дар сатҳи баҳри арзаш 45°) ё 106 дин/см² мебошад. Инчунин воҳидҳои каратии бар: миллибар (мбар) дар метеорология, гектобар (гбар) ва килобар (кбар) дар ҳисоби мустаҳкамӣ ва микробар (мкбар) дар физика мавриди истифода қарор доранд. Таносуби бар бо дигар воҳидҳои фишор чунин аст:
Паскал (Pa, Па) |
Бар (bar, бар) |
Атмосфераи техникӣ (at, ат) |
Атмосфераи физикӣ (atm, атм) |
Миллиметри сутуни симобӣ (мм сут. сим., mm Hg, Torr, торр) |
Метри сутуни обӣ (м сут. обӣ., m H2O) |
Фунт-қувва дар дюйми кв. (psi) | |
---|---|---|---|---|---|---|---|
1 Па | 1 Н/м2 | 10−5 | 10,197×10−6 | 9,8692×10−6 | 7,5006×10−3 | 1,0197×10−4 | 145,04×10−6 |
1 бар | 105 | 1×106 дин/см2 | 1,0197 | 0,98692 | 750,06 | 10,197 | 14,504 |
1 ат | 98066,5 | 0,980665 | 1 кгқ/см2 | 0,96784 | 735,56 | 10 | 14,223 |
1 атм | 101325 | 1,01325 | 1,033 | 1 атм | 760 | 10,33 | 14,696 |
1 мм сут. сим. | 133,322 | 1,3332×10−3 | 1,3595×10−3 | 1,3158×10−3 | 1 мм сут. сим. | 13,595×10−3 | 19,337×10−3 |
1 м сут. обӣ | 9806,65 | 9,80665×10−2 | 0,1 | 0,096784 | 73,556 | 1 м сут. обӣ | 1,4223 |
1 psi | 6894,76 | 68,948×10−3 | 70,307×10−3 | 68,046×10−3 | 51,715 | 0,70307 | 1 lbf/in2 |
Эзоҳ
вироиш- ↑ http://www.wurvoc.org/vocabularies/om-1.8/bar
- ↑ Бар (рус.) // Большая Советская Энциклопедия, том 4: Атоллы — Барщина — 1926. — Т. 4. — С. 680—681.
- ↑ ГОСТ 8.417-2002. Государственная система обеспечения единства измерений. Единицы величин.
Адабиёт
вироиш- Қодирӣ С. Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика. Д., 1985;
- Денгуб В. М., Смирнов В. Г. Единицы величин (словарь-справочник). М., 1990.
Сарчашма
вироиш- Бар / М. Холов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.