Никола́й Ви́кторович Ба́сков (тав. 15 октябри 1976; Маскав, ҶШФСР, ИҶШС) — сарояндаи эстрада ва операи рус (тенор), яке аз маъруфтарин сарояндагони ҷаҳон. Артисти халқии Украина (2004), Молдова (2007), Ҷумҳурии Чечен ва Россия (2009).

Николай Басков
Басков Николай Викторович
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 15 октябр 1976(1976-10-15) (47 сол)
Зодгоҳ Маскав, ИҶШС
Солҳои фаъолият 1989-то ҳол
Кишвар Парчами Русия Русия
Пеша(ҳо) сарояндаи эстрада ва операи рус
Навъи садо тенор
Сабк опера
Ҷоизаҳо
baskov.ru
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Академияи мусиқии ба номи Гнесинҳо (2001). Солҳои 2001–03 дар Театри калони Маскав, баъд дар бузургтарин саҳна¬ҳои ҳунарии ҷаҳон ҳунарнамоӣ кардааст. Машҳуртарин партияҳои иҷрокардаи Басков: Ленский (операи «Евгений Онегин»-и П. И. Чайковский, Владимир Игоревич (операи «Княз Игор»-и А. Бородин, Юродивого (Операи «Борис Годунов»-и М. Мусорский) ва ғ. Ӯ дар баробари сурудҳои классикӣ ария аз операҳо, сурудҳоро дар услуби неополитанӣ, мюзикал, поп ва эстрадаи муосир месарояд. Барандаи ҷоизаҳои мухталифи умумироссиягӣ ва бай¬налмилалӣ дар овозхонӣ, аз ҷумла: сарояндагони ҷавони опера (1998), Grande Voke (Ис¬пания, 1999), «Грамофони тилоӣ», «Муз-ТВ», «Ус-л-уби Сол», «Сарояндаи Сол», «Овози тилоии Россия» (се маротиба). Бо ордени Франсиско Скорини (Беларус) ва медалҳои Россия сарфароз гардидааст.[1]

Сарчашма вироиш


Эзоҳ вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 58 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)