БАСКҲÓ (худ эускалдунак гӯянд) - халқият, асосан дар Испания 2,36 млн нафар (2008) ва дар Фаронса – 230 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Боқимонда 1,5 млн нафари дигар дар давлатҳои гуногуни дунё ҳаёт ба сар мебаранд ва аксарият бошандагони Амрикои Лотинӣ мебошанд. Б.аскҳое, ки дар Испанияву Фаронса умр ба сар мебаранд, сеякашон ба забони баскӣ такаллум мекунанд. Зиёда аз 200 ҳазор нафар диндорон католикҳоянд. Баскҳо авлоди қабилаи иберии васконҳо мебошанд. Аз соли 1960 омӯзиши таърих, фарҳанг, фолклори рақсу мусиқӣ ва забони баскӣ оғоз шудааст. Соҳаи асосии хоҷагӣ – чорво¬дорӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, токдорӣ ва моҳигирӣ.

Баскҳо
Номи қавмии ҳозира баск. Euskaldunak
Сукунат
Забон Забони баскӣ, испониёӣ ва фаронсавӣ
Дин котулисизм[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Адабиёт вироиш