Бақайдгирӣ

саҳифаи маъноҳои Викимедиа

Бақайдгирӣ — дар ҳуқуқ амал (санад)-и мақо­моти салоҳиятдори давлатӣ ё шахси масъули мансабдорест, ки ҳолати расмии шахсият ё ҳуҷҷати муайянеро ба расмият медарорад. Дар ҳолатҳои гуногун, вобаста ба тарзу тариқаи масъалагузорӣ, ба чанд маъно истифода мешавад.

  1. Ба қайд гирифтани шаҳрвандӣ тарзи одии соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ тавассути ариза мебошад. Ҳамчун қои­да, ба қайд гирифтани шаҳрвандӣ, одатан, дар ҳолат­ҳое татбиқ карда мешавад, ки шахс ё аз ҷиҳати аслу насаб аз ҳамон миллату (халқият) будаву бумист ё ба тарзу тари­қи дигаре ба давлат вобастагӣ дорад. Ин тарзи соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ аз қабул кардан ба шаҳрвандӣ (натурализатсия) бо он фарқ мекунад, ки хеле одӣ буда, шарт­ҳояш нисбат ба натурализатсия (камтар будани муҳ­­лати зисти муайян, кӯтоҳ будани муҳлати баррасии ариза ва ғайра) камтаранд. Чунин тарзи қабул ба шаҳрвандӣ дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла Россия, Белоруссия, Қирғи­зистон, Тоҷикистон ва ғайра татбиқ гардидааст.
  2. Бақайдгирии давлатӣ. Ин шакли бақайдгирӣ барои соҳиб гардидан ба мақоми субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ асос мебошад. Шахси ҳуқуқӣ дар ма­қомоти адлия ба қайд гирифта мешавад. Бақайдгири давлатии шахси ҳуқуқӣ амали мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бобати ба расмият даровардани воқеияти ҳуқуқии таъсис­диҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва бар­ҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ мебошад. Он бо мақсади тасди­қи воқеияти таъсисдиҳӣ, аз­нав­ташкилдиҳӣ ва барҳам­диҳии ба қонунгузорӣ мувофиқ будани санадҳои таъси­си шахси ҳуқуқӣ, пешбурди феҳ­ристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва пешниҳод кардани маълумот дар бораи шахси ҳуқуқии таъсисшу­да, аз нав ташкилгардида ва бар­ҳамдодашуда сурат мегирад. Бақайдгирии со­ҳибкори ин­фи­родӣ (шаҳрванд) аз тарафи ма­қо­­моти ваколатдори давлатии андоз, мувофиқи маҳал­ли иқомат ё фаъолият созмон дода мешавад. Дар сурати бе далелу асосе рад кардани бақайдгирӣ ба суд муроҷиат кардан мумкин аст.
  3. Бақайдгирӣ дар ҳуқуқи интихоботӣ ҳангоми доир шудани интихобот дар вақти ба қайд гирифтани интихобкунандагон ё интихобшавандагон дар интихоботи вакилон ё Президент татбиқ мешавад.
  4. Бақайдгирӣ дар фаъолияти мақомоти худидоракунӣ ҳам истифода мешавад, масалан, бақайдгирии вакилони парламент дар иҷ­ло­­сия ва ғайра.
  5. Дар баъзе давлатҳо (Русия, Қазоқистон ва ғайра) сари чанд вақт бақайдгирии шаҳрвандон низ амал мекунад, ки тибқи он шаҳрвандони давлат ё хориҷиёни маскун ва ё мувақ­қатан зиндагикунанда бояд аз қайд (доимӣ ё мувақ­қатӣ) гузаранд. Дар мавриди вайрон шудани ин қоида ҷавобга­рии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.

Сарчашма

вироиш