Баҳманёр Аҳмад


БАҲМАНЁР (порсӣ: بهمنیار) Аҳмад, мутахаллис ба «Деҳқон» (1883, Кирмон – 1956, Теҳрон, дар Карбало дафн шудааст), адиб, шоир, рӯзноманигори эронӣ.

Баҳманёр Аҳмад
БАҲМАНЁР Аҳмад
Санаи таваллуд:

1883(1883)

Зодгоҳ:

Кирмон

Санаи марг:

1956(1956)

Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

адиб,рӯзноманигори эронӣ,шоир

Забони осор:

порсӣ

ЗиндагиномаВироиш

Забонҳои туркии усмонӣ, арабӣ, англисиро медонист. Пас аз вафоти падараш, ки мударрис буд, ба тадрис машғул шуд ва мадрасаҳои Иброҳимия, Исломияро бунёд ниҳода, таълиму тарбияро ба тарзи нав роҳандозӣ намуд. Дар замони инқилоби Машрутаи Эрон узви ҳизби демократ ва яке аз фаъолони он буд. Азбаски Баҳманёр дар ҳаракатҳои зидди англисҳо ва сиёсати онҳо дар Эрон ширкат мекард, ба зиндон афтод ва 16 моҳ дар ҳабс буд. Дар вазоратҳои молия, маориф ва адлияи Эрон кор кардааст.

ОсорВироиш

Чун рӯзноманигор фаъолияти густарда дошт: сардабири рӯзномаи «Садои Эрон», муассиси ҳафтаномаву маҷаллаҳои «Деҳқон», «Фикри озод», «Кашкӯли деҳқон», «Теҳрон», «Занбили деҳқон». Ба ғайр аз мақолаҳои публитсистӣ Баҳманёр оид ба таърихи адабиёти форсӣ ва адабиёти араб мақолаҳои илмӣ нигоштааст, якчанд асари адибону шоирони гузашта, «Асроруттавҳид» (Т., 1313 ҳ. ш.), «Таърихи Байҳақ» (Т., 1317), «Ал-Абния ан ҳақоиқу-л-адвия» (Т., 1346 ҳ. ш.), «Дос-тонномаи Баҳманёрӣ» – дар амсолу ҳикам (Т., 1341 ҳ. ш.; ин асар маҳсули ҳамкории Баҳманёр бо Деҳхудо мебошад), «Соҳиб ибни Аббод» (Т., 1344 ҳ. ш.), «Сарфу наҳв» (Т., 1331 ҳ. ш.) ва ғ.-ро таълиф, тасҳеҳу тадвин кардааст.

Маҷмӯаи ашъораш бо номи «Ҳадяи Шарқ» (Т., 1320 ҳ. ш.) ба табъ расидааст.

АдабиётВироиш

دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج. ۱۳. تهران، ۱۳۸۳ هـ. ش.

СарчашмаВироиш