Баҳси гурӯҳ:Деҳот аз рӯи алифбо

Фикр мекунам унвони деҳаҳо мувоффиқтар буд, чун деҳот ҷамоатро мегуянд. Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 05:03، 21 Июн 2016 (UTC)

Ҳарду шумораи ҷамъ аст, якум пурра тоҷикӣ, дувум суфикси арабӣ дорад. Гап дар ин нест. Ман умуман дигар мақсад доштам, аммо нашуд. Дар мақолаи Абубакри Сиддиқ гурӯҳҳое, ки ба тавлид ва фавт алоқаманданд, бо муаллим баҳс карда ба консенсус омадан лозим, чун гурӯҳҳои ҳархела мумкин нест. Дар ин боб ман бо муаллим баҳс карда будам ва он кас ҳамчун далел гуфтанд, ки забоншиносони донишгоҳашон ҳамин тавр тавсия доданд. Чанде пеш бо он кас баҳс карда будам доир ба гурӯҳбандии ҳамин мавзӯъ, чун мефаҳмидам, ки оқибаташ пок аст. Агар ин гурӯҳҳо тасдиқ шаванд, ва ин пурра метавон тасдиқ шавад, чун пеш ҳаминро пешниҳод карда будам ва шумо якум одам нестед, ки маҳз ҳамин гурӯҳҳоро дар мақолаҳо ҷой карда истодааст. Гурӯҳҳое, ки муаллим эҷод карданд дар ин боб, ягон каси дигар накардааст, аммо ман борҳо шоҳиди он будам, ки бисёри корбарон, маҳз зодагону, даргузаштагону, фавтидагонро истифода мебаранд. Дар забони форсӣ, зодагону даргузаштагонро истифода мебаранд. Хулосаи гап, тавсия медиҳам, ки бо муаллим ҳамсӯҳбат шавед ва коре кунед - на сих сӯзад на кабоб, чун зиёда аз 1000 гурӯҳҳои эҷодкардаашон, дар оянда метавон пок шаванд (мо дар инҷо абадӣ нестем). Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 13:56، 21 Июн 2016 (UTC)
Return to "Деҳот аз рӯи алифбо" page.