Хуш омадед ба Википедиаи Тоҷикӣ, Kholikov!

Ислом вироиш

Мӯҳтарам корбар, аввало ташаккур барои саҳмгузориатон дар Википедиаи Тоҷикӣ. Дувум гуфтанӣ ҳастам, ки пеш аз вироиш кардани мақолаҳо бо Роҳнамо:Мундариҷа шинос шавед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 12:07، 12 Феврал 2014 (UTC)

Ислом Муҳаммадро ягона фиристодаи Худо (Оллоҳ) меҳисобанд. - Аллох Исо Мусо ва хаммаи 124000 пайёмбарро фиристондааст Хатогихо бисёранд ~~Kholikov~~

Ҳамаи гап дар он, ки корбарон аз рӯи дастурҳои Википедиа ва бо асос бояд вироиш кунанд, яъне бо далел. Мо набояд дар иҷо суханҳои аз дигарон фаҳмидаро эҷод кунем. Чӣ маълумоте ки дар инҷо сабт кардани бошед, бояд ҳатман асос дошта бошад, мисол: Дар кадом китоб нависта шудааст? Кадом ҷилд? Кадом саҳифа? Ё ин ки метавонед аз павандҳои беруна истифода баред ва онҳо ҳам ҳатман бояд боэътимод бошанд. Навиштаҳои шумо бе сарчашма ҳастан ва ҳамчун тадқиқоти аслӣ ба шумор мераванд, ки аз рӯи дастур манъ аст. Хӯб мешавад, агар шумо пеш аз вироиш бо дастурҳо шинос шавед ва агар душворӣ кашед оиди вироишот метавонед дар саҳифаи баҳси ман савол диҳед ё бо дигар корбарони пуртаҷриба алоқа карда бифаҳмед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 12:56، 12 Феврал 2014 (UTC)

Дар боби имзо вироиш

 
Тугмаи имзо дар токчаи болои тирезаи вироиш ин гуна шакл дорад.

Илтимос, дар саҳифаҳои баҳс ҳатман имзои худро гузоред, инро метавонед ба воситаи ин нишонҳо ~~~~ ё ба воситаи тугмаи махсус, ки дар болои тирезаи вироиш қарор дорад, истифода баред.

Пас аз захира кардани саҳифа ин аломатҳо ~~~~ ба таърихи вақт худ ба худ иваз мешаванд. Ин амал ба мушоҳидони беғараз дар фаҳмидани асли мавзӯъ ё савол кӯмак мерасонад ва онҳо метавонанд кӯмаки худро пешниҳод намоянд. Ба ғайр аз ин, пас аз имзо гузоштан, шумо ба корбарон сабуки меоред, чун онҳо метавонанд бо шумо дар саҳифаи баҳс алоқа кунанд. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 13:13، 12 Феврал 2014 (UTC)