Хуш омадед ба Википедиаи Тоҷикӣ, Ravshanfikr.tj!

--Шухрат Саъдиев (talk) 15:39، 11 Март 2017 (UTC)

Барои маълумотВироиш

Мӯҳтарам Ravshanfikr.tj Заҳмати Шумо доир ба вироиши мақолаҳо дар Википедиаи тоҷикӣ амали нахустини хуб аст. Бо вуҷуди ин ба қоидаҳои вироиши мақолаҳои Википедиа риоя кардан ҳатмист. Барои вироиши мақола ба саҳифаи Википедиа:Чӣ тавр мақола бояд сохт ва ба дастури Википедиа:Вироиши мақолаҳо‎ нигоҳ кунед, омӯзед ва мувофиқи он амал кунед.

  1. Бидонед::мақолаҳои бе манбаъ (сарчашмаи боэътимод) вироишнамуда яъне (бе номи саҳифа дар сомонаи интернетӣ, ё ин ки – иқтибосе аз адабиёт бо ишораи ному насаби муаллиф, номи мақолаи китоб (маҷалла ва диг), шаҳр, нашриёт, соли нашр, миқдори саҳифаҳо ва ғ.) ҳатман пок (ҳазф) карда мешаванд.
  1. Дар охири мақола ҳатман ба кадом гурӯҳи мавзӯотӣ таалуқ доштани мақоларо гузоред. Нигаред: ба зергурӯҳҳои ба мазмуни мақолаатон монанд (дар поварақи мақолаҳои ВП одатан навишта мешавад).  Ташаккур.

Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 15:43، 11 Март 2017 (UTC)

Пуркунии сана дар қуттӣВироиш

Салом. Дар шаблонҳо таърихи таваллуд ва маргро ба чунин формат "рӯзи моҳи соли сссс" не, балки бо чунин қолаб рр.мм.сссс пур намоед. Бо эҳтиром, Дӯстмурод Саид (talk) 11:37، 21 июли 2017 (UTC)

Ба мақолаи наватон Муродалӣ Ашӯралиев нигоҳ кунедВироиш

Мӯҳтарам Ravshanfikr.tj ба вироишу риояи шаблон:Олим ва тасвири библиографии адабиёт бо ишораи ному насаби муаллиф, номи мақолаи китоб (маҷалла ва диг), шаҳр, нашриёт, соли нашр, миқдори саҳифаҳо ва ғ.) бодиққат бошед.

  1. Ниг. ба тағйиротҳои вориднамуда дар Муродалӣ Ашӯралиев.

Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 14:37، 16 марти 2018 (UTC)

Қоидаҳои ВикипедияВироиш

Мӯҳтарам Ravshanfikr.tj ё Абдумаҷид Сафоев, мақолаҳояатонро мутолиа намудам. Хеле хуб, умедворам дар оянда музмуну боэътимодии чунин мақолаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Ман якчанд норасоиҳои вироишҳоятонро номбар карданиам, то инки муаллиф онҳоро минбаъд ба назар бигирад ва ислоҳ намояд:

  1. Мақолаҳо дар бораи афрод бояд ҳатман дар доираи қоидаҳои Википедия навишта шаванд: нигаред ва омӯзед →Википедиа:Саршиносӣ (афрод);
  1. Услуби рекламавӣ ё худпазироӣ надошта бошанд, яъне аз дидгоҳи бетараф ироа (вироиш) шаванд: нигаред ва омӯзед → Википедиа:Дидгоҳи бетараф;
  1. Ҳар як мақола дар асоси сарчашмаҳои боэътимод навишта шаванд: нигаред ва омӯзед → Википедиа:Сарчашмаҳои муътабар нигаред, ки суроғаи сарчашмаҳоятон (хусусан аз торномаҳои электронӣ) ба мазмуни мақолаатон мувофиқат карда истодааст ё не? агар мувофиқат накарда бошад, сарчашмаҳои чопӣ иқтибос биёред, ва тасвири библиографиро риоя кунед.
  2. Аксҳои дар мақолаҳо овардаатонро санҷед, чунки нусхабардорӣ дар Викианбор манъ шудааст, бо сурратгирак ё телефон аксбардори намуда гузоштан лозим аст. Сабаби блокировкаро дар Викианбор хонед [Инҷо]

Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 14:46، 27 марти 2018 (UTC)

Манбаъ ва Гурӯҳ ғалат астВироиш

Ба Корбар:Ravshanfikr.tj Дар бораи шахсияти Мирзоҳид Раҳимов пайвандҳое, ки оварда шудаанд, мисли ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ http://ttu.tj/ маълумоте дар бораи ӯ надоранд. Чунин пайванд ғалат ва нодаркор аст.

Инчунин ба гурӯҳбандӣ аҳамият диҳед. Чаро Мирзоҳид Раҳимовро ба гурӯҳи Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ҳамроҳ мекунед? Ӯ магар дар АИ ҶТ ягон саҳми илмӣ гузоштааст??? Чунин камбудиҳо дар дигар мақолаҳоятон низ вомехуранд, ислоҳ кунед. Минбаъд ба чунин камбудиҳои ҷиддӣ роҳ надиҳед. Аниқтар аз мабаъҳои чопи китобӣ ё маҷалла иқтибос биёред.

Аксбардориатон ба қоидаҳои Викианбор ҷавобгӯ нест. Оянда аксҳои нусхабардорӣ намудаатон ҳазф карда мешаванд ва саҳифаи корбариатон commons.wikimedia.org баста (блокировка) мешавад. Нигаред ба Инҷо [1] Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 17:37، 11 апрели 2018 (UTC)

Шаблон Олим ва библиографияВироиш

Ба корбар:Ravshanfikr.tj дар мақолаи Барот Махсудов якчанд камбудиҳоро ислоҳ намудам, ки чунинанд:

  1. дар забони тоҷикӣ оид ба афрод (шахс) дар навиштан аввал — исм, исми падар, исми фомил меояд, минбаъд риоя бояд кард;
  2. дар матн ба риояи имлои забони тоҷикӣ диққат диҳед;
  3. тасвири библиографии осор камбудиҳои ҷиддӣ дорад ба ГОСТи тасвири библиографӣ ҷавобгӯ нест?? (ниг. ислоҳ шуд);
  4. ба талаботи шаблон (Шаблон:Олим) нигаред , ки аз қисматҳо иборат аст. Шумо чандин бор онро дар вироишотҳоятон бо камбудиҳо менависед? (ин махсус — ба масъулини АИ ҶТ дар ба ВП тоҷикӣ дахл дорад). Ҳамин (Шаблон:Олим) бо қисматҳояш нусха карда гиред. Минбаъд аз рӯи он нусха вироиш кунед.

Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 13:16، 4 июни 2018 (UTC)

Дархост ба унвони мудирВироиш

Ассалом дӯстам, лутфан дар инҷо тарафдор ё муқобил буданатонро баён мекардед. Бо эҳтиром, Ҷалолиддин (talk) 16:25, 13 феврали 2019 (UTC).

Дар бораи аксҳои дар commons.wikimedia.org сабтгардидаВироиш

корбар:Ravshanfikr.tj Аксҳои дар commons.wikimedia.org сабт намудаатон, ба талаботи дастури commons.wikimedia.org ҷавоб намедиҳад, чунки нусхабардориро аз аксҳои дигар муаллифон ворид карда истодаед. Маслиҳат, минбаъд танҳо аксҳои дар сурратгираки хеш гирифтаро гузоред. Аксҳои гузоштаатонро мудирони commons.wikimedia.org пок мекунанд ва ҳисоби корбариатонро тамоман мебанданд. Ниг. ба инҷо

Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 15:33, 27 феврали 2019 (UTC)

Ба талаботи шаблон риоя кунедВироиш

Мӯҳтарам Ravshanfikr.tj ба вироишу талаботи шаблон:Олим → ба қисмати шаболон 1.2 риоя кунед. Шаблонро соли 2018 дар саҳифаи баҳси Ravshanfikr.tj пешниҳод карда будам. Ба мақолаҳои вироишнамудаатон дар бораи олимон баргардед ва аз рӯи шаблон:Олим → ба қисмати шаболон 1.2, нависед. Дуруст пур кардани шаблон ба гурӯҳбандии мақола вобаста аст. Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 12:17, 19 марти 2019 (UTC)