Баҳс:Деҳистони Жанижер

Ҳавзаи деҳавӣ ё минтақаи рустоӣ вироиш

Беҳтар нест "айыл аймагы"-ро ба тоҷикӣ минтақа рустоӣ (ё деҳистон) бигӯем? Аймоқ (аймагы) як воҳиди маъмурии муғулӣ (баробар ба шаҳристон) аст, ки қирғизҳо (баробар ба деҳистон) низ онро ба мерос гирифтанд. Дӯстмурод Саид (баҳс) 10:02, 16 январи 2023 (UTC)

Ман онро аз русӣ "аильный округ" тарҷума кардам, дар варақаи баҳисобгири бошад чун "аильный аймаг" омадааст. Мешуд агар мисли ВПӮз ҳамаи воҳидҳои дараҷаи 3 (ҚЗ: ауыльный (сельский) округ, ҚР: аильный округ, ФР: сельское поселение, ТҶ: сельский джамоат (ҷамоати деҳот))-ро ки онҳо чун fuqarolar yigʻiniga qarashli (сельский сход граждан), ки дар Узб. истифода мешавад, тарҷума кардаанд, мо низ ҳамаи ин воҳидҳоро чун ҷамоати деҳот тарҷума кунем? Чуноне, ки ҳамаи воҳидҳои дараҷаи аввалро ки дар ВП русӣ чун область, мухафаза, вилаят, провинция омадаанд, дар ВПТ вилоят тарҷума шудаанд. Чӣ фикр доред? -- Farorud (баҳс) 13:08, 16 январи 2023 (UTC)
Дар қонунгузории тақсимоти маъмурии ҶТ мо дигар воҳиди маъмурие ба номи "ҷамоат" ё ҷамоати деҳот" надорем, ва онеро ки ҷамоаташ мегӯем дар ҳоли ҳозир "деҳот"-и холӣ аст, агарчи деҳот ҷамъи деҳаҳосту дар мавриди ҳамчун як воҳиди маъмуру корбурдаш ғалат аст. Аммо чун қонунгузории ҶТ инро ҳамчун як истилоҳ ба кор гирифтааст, дар мавриди деҳоти Тоҷикистон ба кораш мебарем ва дар мавриди дигар кишварҳо бошад истилоҳи "деҳистон" ки аз қадим мо онро доштем бояд ба кор гирифта шавад. Барои мисол Деҳистони Жанижер, Деҳистони Фалон... ва ҳар замоне ки қонунгузорӣ ислоҳот ворид шуд "деҳоти" тоҷикистонро ҳам "деҳистон" хоҳем кард. Дӯстмурод Саид (баҳс) 13:26, 16 январи 2023 (UTC)
Return to "Деҳистони Жанижер" page.