Бегали Аҳмадалиев

Бегали Расулович Аҳмадалиев - ходими давлатӣ ва сиёсии даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶШС Тоҷикистон.

Бегали Аҳмадалиев
Таваллуд 16 май 1929(1929-05-16)
Даргузашт 13 апрел 1999(1999-04-13) (69 сол)
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

ЗиндагиномаВироиш

Соли 1929 дар деҳаи Қуштегирмон таваллуд шудааст. Узви ҲКИШ аз соли 1949.

Аз соли 1947 - дар корҳои хоҷагидорӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Солҳои 1947 - 1990 - муаллими мактаби миёна, тарғибгари кумитаи ҳизбии ноҳияви дар Артиши Шӯравӣ, мудири шӯъбаи рӯзномаи ноҳиявӣ, котиби дуюми кумитаи ҳизбии ноҳияи Нов, раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Нов, Котиби якуми кумитаҳои ҳизбии ноҳияи Пролетар, Зафаробод, муовини раис, раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод, Вазири таъминоти иҷтимоии ҶШС Тоҷикистон.

Ӯ вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон даъвати 7-11 интихоб шуда буд.

Бегали Расулович Аҳмадалиев соли 1999 дар Хуҷанд даргузаштааст.

АдабиётВироиш

  • Ахмадалиев Бегали Расулович // Хуҷанд. Энсиклопедия - Душанбе, 1999 .-- С. 44-45.