Бедардгардонӣ, аналгезия, аналгия (аз лот. analgesia, analgia ҳарф. «бе дард») — бартараф ё пешгирӣ кардани ҳисси дардест, ки ҳангоми ҷарроҳӣ, зарбу лат, баъзе бемориҳо ва амалиёти муолиҷавию ташхисӣ пайдо мешавад.

Усулҳои бедардгардонӣ

вироиш

Усулҳои бедардгардонӣ ду гурӯҳанд:

  • умумӣ (наркоз)
  • ҷузъӣ

Таърих

вироиш

Кашфи бедардгардонӣ (аналгезия) комёбии бузург буда, боиси пешрафти илми ҷарроҳӣ гашт. Аз давраҳои қадим табибон кӯшиш мекарданд, ки аз бедардгардонӣ истифода баранд. Барои ин онҳо ба ҷое, ки бояд ҷарроҳӣ мешуд, ях мегузоштанд ё аз шароб истифода мебурданд. Имкони бедардгардонии мукаммал баъд аз кашфи наркоз (с. 1846) имконпазир гашт. Наркози пешина ҷиҳатҳои манфӣ ҳам дошт. Аз ин рӯ, табибон роҳҳои гуногуни бедардгардонии ҷузъиро ба кор мебурданд. Дар инкишофи бедардгардонӣ олими намоёни рус А. В. Вишневский, ки усулҳои одии бедардгардонии ҷузъӣ (анестезияи ҷузъӣ)-ро пешниҳод кардааст, саҳми калон дорад.

Дар ҷарроҳӣ

вироиш

Вобаста ба хусусияти ҷарроҳӣ бедардгардониро бо тарзи гуногун мегузаронанд. Мас., ҳангоми ҷарроҳӣ дар ғӯзаи чашм бо мақсади бедардгардонӣ ба чашм маҳлули кокаин ё дикаин мечаконанд; барои ҷарроҳии сабуктар, мас. дар ҷавфи бинӣ ё ҳалқу димоғ, пешакӣ ба пардаҳои луобии он ҷо ҳамин маҳлулҳоро мемоланд. Баъзан барои бедардгардонии қисми муайяни бадан маводди рафъи дард (бештар новокаин)-ро бевосита ба ҳамон ҷое, ки асаб мегузарад, тазриқ мекунанд. Чунин усули Б.-ро бештар дар стоматология, ҷарроҳии ангушт ва ғ. истифода мебаранд. Бештар карахтсозии ҷузъии инфилтративӣ (иртишоҳӣ) маъмул аст. Барои ин маҳлули новокаинро бо сӯзандору фиристода, бофтаҳоро беҳис месозанд. Ин усули бедардгардонии ҳатто барои анҷом додани ҷарроҳии вазнин ҳам имкон медиҳад. Дар вақти ба найчаи ҳароммағз тазриқ намудани доруи рафъи дард вай ба асабҳои ҳароммағз таъсир мерасонад. Чунин усули Б. анестезияи ҳароммағз ном дорад. Дарёфти усулҳои наву бехатари наркоз имкон медиҳад, ки Б.-и ҷузъӣ кам истифода шавад. Бо вуҷуди ин ҳангоми амалиёти ҷарроҳии хурд ва кӯтоҳмуддат, ҳамчунин дар аснои ба бемор зиён доштани наркоз, Б.-и ҷузъиро фаровон кор мефармоянд. Ба такмили минбаъдаи усулҳои бедардгардонӣ анестезиология машғул аст.

Сарчашма

вироиш


Шаблон:Anesthesiology-stub