Беҳзодӣ

(Тағйири масир аз Бекзодӣ)

Беҳзодӣ, бекзодӣ — навъе аз харбузаҳои миёнсолӣ.

Асосан дар вилоятҳои Суғду Хатлон, водии Ҳисор, инчунин вилоятҳои Бухорою Самарқанд, Хоразм ва водии Фарғонаи Ӯзбекистон мепарваранд. Баъди 85-90 рӯзи кишт мепазад. Ҳар як палакаш 2-3 харбуза мебандад. Самараш мокушакл, борики дароз (35-40 см), вазнаш 3-6 кг; пӯсташкамтӯр, рахҳои дароз дорад.

Рангаш сабзи кушод. Мағзаш мулоим, сершираву хушбӯй ва хуштаъм. 7-9,3 % қанд ва 8,5-10 % моддаҳои хушк дорад. Тухмпаллааш шилмак, ба мағз часпидааст; тухмаш паҳни дароз, зарди дорчинӣ. Аз ҳар га андаряк 180—220 сентнер ҳосил мегиранд. Барои дер нигоҳ доштан ва ба ҷойҳои дур кашондан мувофиқ нест. Ба камобӣ устувор буда, дар заминҳои лалмӣ низ хуб месабзад. Ба касалиҳои пажмурдаи фузариозӣ ва гарда нисбатан тобовар аст.

АдабиётВироиш

  • Гулмамадов М., Зироатҳои полизии Тоҷикистон. Д., 1985;
  • Дастури полизкор, Д., 1987.


СарчашмаВироиш


Нигаред низВироиш