Беллесєрт Андре


БЕЛЛЕСЄРТ АНДРЕ (1866–1942), шоир ва адабиётшиноси фаронсавӣ. Маҷмӯаи ашъор бо номи «Асотир ва достонҳо» (нашр 1894) дорад, ки дар он шеърҳои дар мавзӯъ ва мазмунҳои ҳикоёти «Гулистон»Саъдӣ навишташуда ба назар мерасанд. Дар шеърҳояш аз образҳои маъмули шеъри форсии тоҷикӣ – гул, булбул ва ғайра истифода кардааст. Рисолаҳои «Вергилий. Эҷодиёт ва замони ӯ» (1920), «Балзак» (1924), «Зиндагӣ ва эҷодиёти Волтер» (1925), «Қарни ХIХ ва романтизм» (1941) аз навиштаҳои адабиётшиносии Беллесєрт Андре мебошанд

Беллесєрт Андре
Беллесєрт Андре
Сурат
Таърихи таваллуд 1866
Зодгоҳ Фаронса
Таърихи даргузашт 1942

СарчашмаВироиш