Беляев, Евгений Александрович


Евге́ний Алекса́ндрович Беля́ев (9 [21] феврали 1895, Ржев — 5 сентябри 1964, Маскав) — яке аз муаррихон ва шарқшиносони номии рус. Дар оилаи тоҷир таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар факултети забон­ҳои шарқи Унверистети Петербург (1913–1916) таҳсил карда, соли 1918 ихтиёран ба Артиши Шӯравӣ меравад. Соли 1922 Институти шарқшиносии Маскавро хатм карда, солҳои 1924–1929; 1934–1942; 1945–1953 муаллими Институти шарқши­носии Маскав, корманди калони илмӣ (03.08.1956), номзад (1942) ва доктори илмҳои таърих (1962), профессор (аз 1960), корманди Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1951–1964) будааст. Мавзӯъҳои гуногуни таърихи ислом, аэ ҷумла мазҳабгароӣ дар ислом, Ҳиндустон дар асрҳои миёна, таърихи асрҳои миёна, Эрон дар асрҳои миёна, арабҳо ва хилофати арабро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додааст. Дар соҳаи пайдоиши ислом, хилофати араб дар асрҳои миёнаи ибтидоӣ ва тамаддуни асрҳои миёна низ таҳқиқот дорад. Ширкаткунандаи конференсияҳои байналмилалӣ дар Кембриҷ (1954), Мюнхен (1957), Галле (1958), Миср (1961) ва ғайра. Бо ордену медалҳои ИҶШС сарфароз гардидааст.

Беляев, Евгений Александрович
Сурат
Таърихи таваллуд 9 (21) феврал 1895
Зодгоҳ Ржев
Таърихи даргузашт 5 сентябр 1964(1964-09-05)[1] (69 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша orientalist
Ҷоизаҳо
ордени «Нишони Фахрӣ»

ОсорВироиш

  1. Происхождение ислама. Хрестоматия. Ч. 1. Москва-Ленинград, 1931;
  2. Иран в средние века. Москва, 1941;
  3. Мусульманское сектантство. Исторические очерки. Москва, 1957;
  4. Арабы, ислам и арабский халифат. Халифат в раннем средневековье. Москва, 1965.

СарчашмаВироиш

/ М. Ҳазратқулов.
  • Ланда Р. Г. – Е. А. Беляев-учёный, педагог, публицист//Арабские страны. История. Экономика. Москва, 1970;
  • Список основных опубликованных работ доктора исторических наук Е. А. Беляева//Народы Азии и Африки. №1, Москва, 1965.
  1. 1.0 1.1 Беляев Евгений Александрович // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.