Белякова Любов Петровна


БЕЛЯКÓВА Любов Петровна (17.09.1887, вилояти Калинин, Федератсияи Русия – 10.11.1961, Душанбе), хокшинос, доктори илмҳои кишоварзӣ (1958), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1959). Баъди хатми семинарияи муаллимии шаҳри Твер (1904) чанд муддат омӯзгорӣ кардааст. Соли 1906 барои тарғиботи инқилобӣ дар байни деҳқонон ҳабс шуд. Корманди Сентросоюзи Маскав (1917–1921), таҳсил дар Институти кишоварзии Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург; 1921–1924). Зери роҳбарии акАдабиёт: К. Д. Глинка дар соҳаи мелиоратсия ва хокшиносӣ пажӯҳишҳои ҷолиб анҷом додааст. Дар ин равия дар Институти хокшиносии АИ ИҶШС (1933–35) ва Институти давлатии лоиҳакашии Ленинград низ фаъолияти худро идома додааст (1935–1937). Соли 1937 ба Тоҷикистон омада, дар Пойгоҳи мелиоратсиявии ба номи Антипов-Каратаев оид ба нақши моддаҳои органикӣ дар мелиоратсия ва обёрии водии Вахш таҳқиқот анҷом додааст. Доир ба биология, физика ва мелиоратсияи хок зиёда аз 40 таълифот дорад. Дорандаи мукофоти ба номи акад. В. В. Вилямс (1959). Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Белякова Любов Петровна
Белякова Любовь Петровна
Сурат
Таърихи таваллуд 1887
Зодгоҳ вилояти Калинин, ФР
Таърихи даргузашт 10 ноябри 1961

ОсорВироиш

  1. К вопросу о мерах борьбы с просадочными явлениями. Проб­лемы советского почвоведения//Сб. института им. В. В. Докучева.Т. 7, 1939;
  2. Исследование структуры почв// Сообщ. 1 и 2. «Пр. ПФАК».Т. 20. Сталинабад, 1949;
  3. О путях повышения плодородия орощаемых почв Южного Таджикистана. Сталинабад, 1954.

СарчашмаВироиш

  • Сычева С А. Женщины почвеводы. Биографический справочник о российских и советских исследовательницах почв. Москва, 2003.