Бемориҳои чашм
Бемориҳои чашм — бемориҳои узвҳои чашм (пилк, аъзои ашк, косаи чашм). Тарбод, сил, сифилис, вараҷа, брутселлёз ва ғайра, инчунин ихтилоли мубодилаи моддаҳо, бемориҳои силсилаи асаб ва рагҳо, авитаминоз ва ғайра мумкин аст муҷиби бемориҳои чашм шаванд. Ин гуна бемориҳо аз таъсири механикӣ (зарбу лат), кимиёӣ (кислотаҳо, ишқорҳо) ва физикӣ (гармӣ, рӯшноӣ, афканишоти радиоактив) низ сар мезананд. Ихтилоли фаъолияти босира — наздикбинӣ, дурбинӣ ва астигматизм низ ба бемориҳои чашм тааллуқ доранд. Баъзе бемориҳои чашм, масалан, глаукома, кӯчидани тӯрпарда, харобии асаби босира, трахома ва ғайра мумкин аст боиси нобиноӣ гарданд. Бемориҳои чашмро соҳаи махсуси тиб — офталмология меомӯзад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бемориҳои чашм // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.