Лев Семёнович (Симонович)[4] Берг (2 (14) март 1876[5] — 24 декабри 1950, Ленинград) — ҷуғрофидон ва зистшиноси шӯравӣ, академики АИ ИҶШС (1946).

Лев Берг
русӣ: Лев Семёнович Берг
Таърихи таваллуд 2 (14) март 1876
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 24 декабр 1950(1950-12-24)[1][2][3] (74 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ Ихтиология, evolutionism[d], ҷуғрофиё, evolution of fish[d] ва систематикаи биологӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Василий Докучаев[d]
Шогирдон Anatoly Isachenko[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Соли 1898 факулети табиатшиносии Университети Маскавро хатм кардааст. Солҳои 1904–13 дар Осорхонаи зоологияи АИ Петербург фаъолият дошт. Солҳои 1914–18 профессор ихтиологияи Институти хоҷагии қишлоқи Мас­кав, аз соли 1916 профессори кафедраи ҷуғ­ро­фияи табиии Университети Петербург. Яке аз асосгузорони Ин-­ти ҷуғрофия, ки соли 1925 ба факултети ҷуғрофияи донишго­ҳи Ленинград табдил ёфт. То ох. умр роҳбари кафедраи ҷуғ­ро­фияи табиии ҳа­мин до­нишгоҳ буд. Солҳои 1922–34 мудири шуъбаи ихтиологияи амалии Институти агрономияи таҷрибавӣ, 1918–30 мудири шуъ­баи кӯлшиносии Институти давлатии гидро­логӣ, аз соли 1934 мудири ташхисгоҳи моҳишиносии Институти зоология, 1940–50 Президенти Ҷамъияти ҷуғрофиядонҳои ИҶШС. Муаллифи таҳқиқоти бунёдӣ дар соҳаи иқлимшиносӣ ва полеоиқлимшиносӣ, асосгузори таълимот дар бораи ландшафтҳо (манзараҳо) буда, таълимоти В. В. Докучаевро дар бораи минтақаҳои табиӣ такмилу инкишоф додааст. Б. кӯлҳои Сибири Ғарбӣ, Балхаш, Иссиқкӯл, Севан, Ладога ва Баҳри Аралро тадқиқ кардааст. Ӯ аввалин бор нақшаи релйефи ноҳияи Осиёи Миёнаро пешниҳод намудааст. Соли 1906 якчанд пиряхи қ-кӯҳи Туркистонро кашф намуда, коллексияҳои бойи зоологӣ ҷамъ овард. Монографияи ӯ доир ба моҳиҳои Туркистон (1905) аҳам­мияти калон дорад. Барои асари «Моҳиҳои оби ширини СССР ва мамлакатҳои ҳам­шафат» (Ҷ. 1–3, 1948–49) сазовори Мукофоти давлатии СССР (ба номи Сталин) шуд (1951). Ба яке аз қулла ва пиряхҳои Помир, инчунин ба вулкани ҷаз. Уруп (ҷаз-ҳои Курил), димоғаи ҷаз. Инқи­ло­би Октябр (Замини Шимолӣ), пиряхи Алатови Чунгар номи Б.-ро гузоштаанд. Номи лотинии зиёда аз 60 набототу ҳайвонот ба шарафи Б. гузошта шудааст.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо 2 орден ва медалҳо сарфароз гаштааст.

Эзоҳ вироиш

  1. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
  3. Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
  4. 414. Берг Лев Симонович // Русская интеллигенция. Автобиографии и биобиблиографические документы в собрании С. А. Венгерова: Аннотированный указатель: В 2 т. — СПб.: Наука, 2001. — Т. 1. А-Л. — С. 134. — 640 с. — ISBN 5-02-028495-5.
  5. В записи о рождении в канцелярии городского раввина Бендер (см. базу данных по Румынии на сайте еврейской генеалогии JewishGen.org, требуется регистрация) таърихи таваллуд — 2 марта (по старому стилю).

Адабиёт вироиш