Бердақ
Бердақ (қарақалп. Berdaq, номаш Бердимуроди Қарғабой; 1827, тумани Мӯйноқ — 1900) — шоир, асосгузори адабиёти қарақалпоқӣ.
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 1827[1][2][3] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1900[1][2][3] |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | Забони қарақалпоқӣ |
![]() |
Зиндагинома
вироишДар мактаби деҳа, сипас дар мадраса таҳсил кардааст. Дар мадраса ба ғайр аз улуми мутадовила, эҷодиёти шоирон Алишери Навоӣ, Фузулӣ, Махдумқулӣ ва диг., инчунин эҷодиёти шифоҳии мардуми қарақалпоқро омӯхт. Дар эҷодиёти Б. мавзӯъҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, панду насиҳатӣ, озодии зан дар ҷомеа ва ғ. мавқеи муҳим доранд. Б. якчанд достони таърихӣ («Амонгелдӣ», «Айдосбий», «Эрназарбий») ва асари таърихии «Авлодҳо» («Авлодлар») (ба тариқи солнома таърихи халқи қарақалпоқро нигоштааст) низ эҷод намудааст. Шеърҳояш дар байни мардум аз забон ба забон гузашта, ба василаи ҳофизону гӯяндагони халқӣ интишор меёфтанд.
Осор
вироиш- Танланган шеърлар. Тошкент, 1958;
- Изб. соч., М., 1958;
- Шеърлар. Тошкент, 1976.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Swartz A. Open Library (ингл.) — 2007.
- ↑ 2.0 2.1 Faceted Application of Subject Terminology
- ↑ 3.0 3.1 NUKAT — 2002.
Адабиёт
вироиш- Бердақ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Қурбонбоев Б. Бердақ ва ӯзбек адабиёти. Тошкент, 1986;
- Узбекистон миллий энциклопедияси. 1. Ж. Тошкент, 2000.