Березит (аз номи кони Березовский дар Урал) — ҷинси кӯҳии метасоматӣ, ки аз кварс (25-50 %), албит (5-25 %), серитсит (10-15 %) ва карбонат (то 10 %) иборат аст. Березит дар натиҷаи тағйирёбии (дар ҳароратҳои паст) метасоматикии ҷинсҳои хоро таҳти таъсири маҳлулҳои гидротермалӣ ба вуҷуд меояд. Березит нишонаи мавҷуд будани конҳои тило мебошад.

Адабиёт

вироиш