Георгий Бериев
Гео́ргий Миха́йлович Бери́ев (гурҷӣ: გიორგი მხეილის ძე ბერიაშვილი, 13 феврали 1903, Тифлис — 2 июли 1979, Маскав) — авиаконструктори машҳури шӯравӣ, генерал-майори хадамоти муҳандисию техникӣ (1951), доктори илмҳои техникӣ (1961).
Таърихи таваллуд | 13 феврал 1903 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 12 июл 1979 (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | aircraft industry[d] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома вироиш
Баъди хатми Донишкадаи политехникии Ленинград (1930) чун конструктори Бюрои конструктории самолётсозии таҷрибавии баҳрии Иттиҳодияи умумииттифоқии авиатсионӣ (КБ МОСВАО) таҳти сарварии конструктори фаронсавӣ П. Э. Ришар кор кардааст. Аз соли 1934 то 1968 сарконструктор ва сардори Бюрои марказии конструктории самолётсозии баҳрии назди Заводи самолетсозии шаҳри Таганрог буд. Таҳти роҳбарии ӯ ҳидросамолётҳои МБР-2, МП-1, МП-1Т, самолётҳои катапултадори КОР-1 ва КОР-2, Бе-6, заврақи реактивии Бе-10, амфибияи Бе-12 (бо модификатсияҳо) ва Бе-12ПС; МДР-5, МБР-7, ЛЛ-143, Бе-8, Р-1, Бе-14, мусофиркашони Бе-30 (Бе-32), самолёт-снаряди таҷрибавии П-10 сохта шудаанд. Соли 1943 лоиҳаи заврақи парвозкунандаи ПЛЛ-143 таҳия ва соли 1944 амсилаи ПЛЛ-144 сохта шуд. Бериев узви Шӯрои илмӣ-техникии Кумитаи давлатии ИҶШС оид ба техникаи авиатсионӣ, Кумитаи давлатӣ оид ба киштисозӣ ва Шӯрои илмӣ-техникии авиатсияи Флоти ҳарбии баҳрӣ буд.
Ҷоизаву орденҳо вироиш
Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1947, барои сохтани Бе-6) ва Мукофоти давлатии СССР (1968, барои сохтани Бе-12). Бо ду ордени Ленин, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ вироиш
Адабиёт вироиш
- Бериев, Георгий Михайлович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.