Гектор Берлиоз

(Тағйири масир аз Берлиоз Гектор)

Берлиоз Гектор (1803-1869) — композитори барҷастаи фаронсавӣ, дирижёр, нависандаи соҳаи мусиқӣ. Узви Институти Фаронса (1856).

Гектор Берлиоз
Берлиоз Гектор
Berlioz Petit BNF Gallica-crop.jpg
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд

фр. Louis-Hector Berlioz

Санаи таваллуд

1803(1803)

Зодгоҳ
Санаи марг

1869(1869)

Маҳалли марг
Кишвар
Касб(ҳо)

композитор

Асбоб

гитара, flageolet[d] ва Най

Сабк

опера, симфонӣ[d], мусиқии клоссик[d] ва мусиқии романтик[d]

Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
Commons-logo.svg Аудио, фото, видео дар Викианбор

ЭҷодиётВироиш

Берлиоз Гектор Консерваторияи Парижро аз синфи композитсия Ж.Ф. Лесюэр хатм намудааст. Асари нахустини ӯ – Симфонияи фантастикӣ («Лавҳае аз ҳаёти артист») – Берлиозро ба қатори композиторони барҷастаи Фаронса ба ҷои якум монд, ҳамчунин дар оянда чун офарандаи жанри нав – мусиқии симфонии барномавӣ эътироф шуд. Сужети асарҳояшро Берлиоз асосан аз адабиёти асарҳои нависандагони бузург: Байрон (увертюраи «Корсар», симфонияи «Гаролд дар Италия»), Шекспир (увертюра «Корол Лир», операи комедиявӣ «Беатриче ва Бенедикт», симфонияи драматикии «Ромео ва Юлия»), Ҳёте (қиссаи драмавии «Таънаомезии Фауст») ва ғ. Берлиоз такмили таъсирноки «Марселеза»-ро барои хори калон ва оркестр иҷро кард. Ба хотираи қурбониҳои инқилоби Фаронсаи с. 1848 Берлиоз Симфонияи мотамӣ-музуфариятиро бахшид ва ғ. Композитор-навовар ба шаклҳои мусиқӣ навоварӣ даровард, худро ҳамчун нобиғаи оркестровка нишон дод. Берлиоз дирижёри мумтоз ва нависандаи мусиқӣ буд. Ӯ дар Фаронса ва дигар мамлакатҳо консетрҳои зиёд дода, ба Россия низ сафарҳои ҳунарӣ доир намудааст (1847 ва 1867-68). Берлиоз рисолаи бузург оиди инструментовка ва мақолаҳои зиёде дар хусуси мусиқӣ ва мусиқичиён навиштааст.[2]

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118509675 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  2. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.64-65. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)