Open main menu

Бедорхобӣ

(Тағйири масир аз Бехобӣ)

Бедорхобӣ, бехобӣ, камхобӣ — ҳар гуна бенизомии хоби шабона (набурдани хоб, зуд-зуд бедор шудан ва ғ.).

Бедорхобӣ
МКБ-10

F51.051.0, G47.047.0

МКБ-9

307.42307.42, 307.41307.41, 780.51780.51, 780.52780.52

OMIM

614163

DiseasesDB

26877

MedlinePlus

000805

eMedicine

med/2698 

MeSH

D007319

СабабВироиш

Ноустуворӣ ва вайрон шудани хоб сабабҳои гуногун дорад. Хоби баъзе одамон аз кӯдакӣ ноустувор аст. Бехобӣ аз амрози силсилаи асаб ва лат хӯрдани мағзи сар низ ибтидо ёфта метавонад. Бо кору машғулияти тӯлонии шабона маҷбуран вайрон кардани низоми хоб, ҷойи нав, асабонияти давоми рӯз (як сабаби ночиз ҳам шахси хобаш ноустуворро бедорхоб мекунад) ва баъзе бемориҳо низ метавонанд боиси бехобӣ шаванд.

Тарзҳои муътадилгардонӣВироиш

Азбаски бехобӣ сабабҳои гуногун дорад, тарзи муътадил гардондани хоб низ хеле гуногун мебошад. Бо ин мақсад доруи хобро дар навбати охир (дар ҳолати илоҷи дигар намондан) истеъмол бояд кард. Агар сабабҳои бехобӣ таассуроти нохуш, хастагӣ, ихтилоли низоми ғанаб (бедорхобии вазоифӣ) бошанд, хоб бо мурури замон худ ба худ барқарор мешавад. Барои ин дар вақти муайян ва шароити муқаррарӣ хоб рафтан лозим аст; инчунин аъзои баданро гарм, мушакҳоро суст (гарм будани кафи пой зарур аст) ва фикру хаёлро ба лаҳзаҳои хуши умр равона кардан хеле муҳим мебошад. Сайругашти пеш аз хоб, истеъмоли чойи ширин (ширу асал), ҷӯшоби решаи нардсунбул ва барги дулона низ нафъ дорад. Пеш аз хоб 8–10 дақ. қабул намудани обзан (ванна)-и гарм (360–380) фоидабахш аст.

ХудмуолиҷаВироиш

Ба табиб бояд муроҷиат кард, худмуолиҷа бо доруҳо хеле хавфнок мебошад; истифодаи нодурусти доруҳои хобовар оқибати нохуш ё вазнин дошта (беҳолӣ, хиратабъӣ, ихтилоли ҳофиза ва тафаккур, сустии мушакҳо, гум кардани қобилияти ҳаракати чолоку дақиқ), баъзан боиси ба доруи хобовар одат кардан ва нашъамандӣ мегардад.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш