Биосинтез
Биоси́нтез (аз био… ва синтез) — ҷараёни аз моддаҳои сода ҳосил шудани моддаҳои мураккаби органикии барои организм зарур.
Биосинтез дар ҳуҷайраҳои зинда зери таъсири ферментҳо мегузарад. Биосинтез дар ниҳоли дарахтони мева ҳангоми мавҷуд будани кислотаи аденозинфосфат аз ҳисоби энергияи шуои офтоб, ки онро барг дар рафти нафасгирӣ, фотосинтез, ассимилятсия аз худ мекунад, ба амал меояд.
Тарзи биосентезии як қатор моддаҳо (қандҳо, аминокислотаҳо, ферментҳо, витаминҳо ва ғайра) аз рӯйи ахбори ирсӣ муайян карда мешавад. Барои омӯзиши Биосентези изотопҳои радиоактив, усули кишти бофтаҳо, гидролизи ферментии мураккаби органикиро истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Биосинтез // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.