Биостратигра́фия (аз юн.-қад. βίος — зист + лот. stratum — қабат + юн.-қад. γράφω — менависам) — як фасли стратиграфия, ки тақсимшавии боқимондаи организмҳои мунқаризро дар қабатҳои таҳшин бо мақсади муайян кардани синни нисбии онҳо ва таносуби қабатҳои синнашон яксон дар мавзеъҳои гуногун меомӯзад.

Вазифаи биостратиграфия таҳияи ҷадвали қиёсии синни қабатҳо аст. Мураттабии минтақаҳои биостратиграфӣ иваз гаштани боқимондаҳои организмҳои мунқаризро дар давраҳои геологӣ ифода мекунад. Барои гурӯҳбандии биоминтақаҳо хусусан организмҳои мунқаризе, ки муддати кӯтоҳ вуҷуд дошта, айни замон хеле паҳн шуда буданд (Масалан., нуммулитҳо, граптолитҳо, динозаврҳо ва ғайра), аҳаммияти зиёд доранд. Бисёр вақтҳо минтақаҳо дар заминаи давраҳои таҳаввулоти баъзе организмҳои бо мурури вақт тағйирёфтаи мунқариз (Масалан., марҷонҳои ругаз) гурӯҳбандӣ карда мешаванд. Барои Биостратиграфия хусусан таҳқиқи боқимондаи организмҳои микроскопии қадими муҳим аст, Масалан., боқимондаи планктонҳо (фораминиферҳо, обсабзҳо ва ғайра), ки ҷараёни об онҳоро ба масофаи дур бурдааст ё спораҳо ва гарди гули рустаниҳо, ки ба тавассути шамол паҳн гаштаанд. Биостратиграфия аз усулҳои палеонтология васеъ истифода мебарад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Меннер В. В. Биостратиграфические основы сопоставления морских, лагунных и континентальных свит. «Тр. геологического института АН СССР», — 1962, вып. 65.
  • Меннер В. В. Стратиграфическая классификация, терминология и номенклатура. — Л., 1965.
  • Степанов Д. Л. Принципы и методы биостратиграфических исследований. — Л., 1958.

Сарчашма вироиш