Биоҳелминтҳо
Биоҳелминтҳо (аз био... ва гелминтҳо) — як гурӯҳи кирмҳои паразит, ки кирминаашон дар организми ҳомили мобайнӣ (ҳайвоноти гуногун) ва фарди болиғ дар ҷисми ҳомили ниҳоӣ (одам ва ҳайвонот) сукунат дорад. Биоҳелминтҳо аз геогелминтҳо, ки бе ҳомили мобайнӣ инкишоф меёбанд, фарқ доранд. Мас., тасмакиҷҷаи болиғи барзагов дар рӯдаи одам ва кирминаи он (финка) дар мушаки гов инкишоф меёбад. Одам аз Б. ҳангоми истеъмоли гӯшти нимхом сироят меёбад. Ба биоҳелминтҳо тасмакирми паҳн, кирми ҷигармак, трихина, эхинококк ва ғ. мансубанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Биогелминтҳо // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.