Сергей Бирюзов

(Тағйири масир аз Бирюзов)

Бирюзо́в Серге́й Семёнович (8 (21) август 1904 — 19 октябри 1964) — ходими ҳарбии шӯравӣ, Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ (1955), Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1958), Қаҳрамони Халқии Югославия (1964). Аз соли 1922 дар хидмати ҳарбӣ.

Сергей Бирюзов
русӣ: Сергѐй Семёнович Бирюзо̀в
Зодрӯз 21 август 1904(1904-08-21)[1]
Таърихи даргузашт 19 октябр 1964(1964-10-19)[1][2] (60 сол)
Мансубият
Солҳои хидмат Артиши Сурх ва Soviet Strategic Rocket Forces[d]
Қисм Marshal of the Soviet Union[d]
Равобит
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
ордени Ленин ордени Байрақи Сурх Order of Suvorov, 1st class Ордени Кутузов дараҷаи I Order of Bogdan Khmelnitsky, 1st class Order of Suvorov, 2nd class Medal "For the Defence of Stalingrad" Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Medal "For the Liberation of Belgrade" Jubilee Medal "30 Years of the Soviet Army and Navy" Jubilee Medal "40 Years of the Armed Forces of the USSR" Order of St Alexander Order of the People's Hero Order of Brotherhood and Unity Order of the National Flag People's Hero of Yugoslavia Order of the Partisan Star Order of Georgi Dimitrov Sino-Soviet Friendship Medal
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Мактаби муттаҳидаи ҳарбии ба номи ВСИК (1926), Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (1937). Аз соли 1934 сардори ситоди дивизияи тирандоз, сардори шуъбаи ситоди Округи ҳарбии Харков, аз авг. 1939 фармондеҳи дивизияи тирандоз, ки бо он дар ҶБВ (1939-45) дохил шуд. Аз ноябри 1942 сардори ситоди Артиши гвардиягии 2-юм, аз апр. 1943 сардори ситоди Ҷабҳаи Ҷанубӣ (4-уми Украина), аз майи 1944 сардори ситоди Ҷабҳаи 3-юми Украина. Дар ташкил ва баргузории ама­лиёти озодкунии Донбасс, Таврияи Шимолӣ, Қрим, Руминия ва Булғория ширкат кардааст. Аз окт. 1944 фар­мондеҳи Артиши 37-ум ва сармушовири ҳарбӣ дар назди артиши Булғория. Баъди ҷанг ҷонишини сарфармондеҳи гурӯҳи лашкарҳои Ҷануб, раиси Комиссияи тафтишотии иттифоқӣ дар Булғория ва фармондеҳи Артиши механиконидаи 10-ум, аз соли 1947 фармондеҳи қув­ваҳои ҳарбии Округи ҳарбии Примория, аз соли 1953 сарфармондеҳи гурӯҳи лашкарҳои Марказӣ, аз соли 1954 ҷонишини 1-уми сарфармондеҳ ва аз соли 1955 сар­фар­мондеҳи Артиши муҳофизат аз ҳуҷуми ҳавоӣ (МҲҲ) — ҷонишини вазири мудофиаи ИҶШС. Солҳои 1962-63 сарфармондеҳи Артиши ракетавии таъйиноти стратегӣ (АРТС) — ҷонишини вазири мудофиаи ИҶШС. Дар барқарорсозӣ ва рушди артиши МҲҲ-и мамлакат ва АРТС, такмили мусаллаҳкунӣ ва ташкили сохтори онҳо саҳм гузошт. Аз соли 1963 сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС — ҷонишини 1-уми вазири мудофиаи ИҶШС. Муаллифи ёддоштҳо ва яке аз муаллифон ва муҳаррирони асари «Қувваҳои мусаллаҳи шӯравӣ дар мубориза барои озод кардани халқҳои Югославия» (1960). Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 2, 4, 6). Бо 5 ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурх, орденҳои Суворов (дараҷаи 1 ва 2), Кутузов (дараҷаи 1), Богдан Хмелнитский (дараҷаи 1), 6 ордени хориҷӣ ва медалҳо сарфароз гардидааст. Дар садамаи ҳавоии назди Белград (Югос­лавия) ҳалок гаштааст.

Осор вироиш

  • Когда гремили пушки. М., 1962;
  • Советский солдат на Балканах. М., 1963;
  • Суровые годы, 1941—1945. М., 1966.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Чернышев М. Т., Чермашенцев К. Я., Жизнь — Родине. М., 1974;
  • Полководцы и военачальники Великой отечественной. М., 1985;
  • Новая российская энциклопедия. Т. III (1). М., 2007.

Сарчашма вироиш


Пайвандҳо вироиш