Биёбони калони Виктория
(Тағйири масир аз Биёбони Виктория)
Биёбони калони Виктория (англ. Great Victoria Desert) — биёбони регзор дар Чануби Австралия, байни 26° ва 30° арзи ҷанубӣ Масоҳати 300000 км2.
Аз шарқ ба ғарб, аз қаторкуҳи Стюарт то ҳамвории Кӯлҳои Шӯр, ба масофаи 1200 км тӯл кашидааст. Бараш то 550 км. Баландиаш аз с. б. ба ҳисоби миёна 150—300 м. Ба релйефи он қатортеппаҳои регии баландиашон 10-30 м хоссанд. Қатортеппаҳоро хорбуттаҳои Спинифекс аз кӯчидан нигоҳ медоранд. Дар байни теппаҳо ақоқиё ва эвкалиптҳои резапоя мерӯянд. Боришоти солона — 125—250 мм. Биёбон беоб ва мушкилгузар аст. Онро соли 1875 нахустин бор муҳаққиқи англис Э. Ҷайлс тай карда, ба шарафи шоҳбонуи ҳамонвақтаи Британияи Кабир Виктория ном гузоштааст. Аҳолии муқимиаш хеле кам аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Биёбони калони Виктория // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.