Благоев, Димитр

сиёсатмадори булғорӣ

Дими́тр Благо́ев Николов-Дядото (булғорӣ: Димитър Благоев Николов-Дядото; 14 июни 1856, Загоричане — 7 майи 1924, София) — ходими машҳури сиёсии Булғория.

Благоев, Димитр
Dimitar Blagoev.jpg
Таваллуд 14 июн 1856(1856-06-14)[1][2]
Даргузашт 7 май 1924(1924-05-07)[3][1][2] (67 сол)
Ҳамсар Vesela Blagoeva[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Аз оилаи деҳқони камбағал. Аз с. 1878 дар Россия зиндагӣ мекард. Соли 1881 ба Университети Петербург дохил шуд. Соли 1883 яке аз аввалинҳо шуда ташкилоти марксистӣ дар Россия (гурӯҳи Благоев)-ро ташкил кард. Соли 1884 он 15 маҳфили марксистиро дар худ муттаҳид намуда, ба худ номи Ҳизби русии сотсиал-демократҳоро гирифт. Ба фикри онҳо давлати буржуазӣ зери таъсири ҳаракати пролетариат метавонад ба давлати «халқӣ» (сотсиалистӣ) табдил ёбад. Дар байни коргарон чандин маҳфил ташкил карданд, чопи рӯзно­маи «Коргар»-ро ба роҳ монданд (то типографияро хароб намудани политсия ду шумора баромад) ва солҳои 1885-50 бо гурӯҳи «Озодии меҳнат», ки Г. В. Плеханов созмон дода буд, иртибот пайдо намуданд. Ҳамон сол Благоев дастгир ва ба Булғория фиристода шуд ва гурӯҳи ӯро с. 1887 тамоман нест намуданд. Соли 1891 Блогоев ташаббускори асосии ташкил намудани Ҳизби сотсиалдемократӣ дар Булғория шуд. Аз с. 1897 органи ин Ҳизб — маҷ. «Ново вре­мя»-ро роҳбарӣ мекард. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар Маҷлиси халқӣ муқобили додани қарзи ҳарбӣ овоз дод ва зидди ҷалб намудани Булғория ба ин ҷанг баромад. Ҳизбе, ки Блогоев сарварӣ мекард, алоқаашро аз Интернатсионали II канд. Соли 1919 ҳизби ӯ Ҳизби коммунистии Булғория (ҲКБ) номгузорӣ шуд ва дар бунёнгузории Интернатсионали (коммунистии) сеюм саҳм гузошт. Блогоев дар бораи назарияи марксистӣ, иқтисодиёти сиёсӣ, таърихи сотсиализм ва эстетика асарҳо таълиф кардааст.

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): اوپن ڈیٹا پلیٹ فارم, платформа відкритих даних, платформа открытых данных, plateforme de données ouvertes, piattaforma di dati aperti, Opendata-Plattform, otevřená data platforma, åben-data-platform, տվյալների բաց շտեմարան, platforma za odprte podatke, plataforma de datos abierta, plataforma de dados aberta, платформа адкрытых дадзеных, платформа на отворените данни, platforma otwartych danych, ашық деректер платформасы, ачык маалыматтарды платформа, açıq məlumat platforması, ochiq ma'lumotlar platforma, açık verilerin platformu, платформа отвореног података, platforma otvorenih podataka, platforma otvorenog podataka, platforma otvorených údajov, πλατφόρμα ανοικτών δεδομένων, platformu atklātā datu, platforma atvira duomenų, platvormi avatud andmete, avoimen datan foorumi, nyílt adatok platformja, პლატფორმა ღია მონაცემები, платформа за отворени податоци, нээлттэй мэдээллийн тавцан, platformă de date deschise, platformo de malferma datumoj, open data platform, плятформа адкрытых зьвестак, Усьтэм даннойёслэн платформазы, асыҡ мәғлүмәт платформаһы, açıq malümat platforması, açıq malümat platforması, ачык малюмат платформасы, öppen dataplattform — 2011.
  2. 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. 3.0 3.1 Благоев Димитр // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

АдабиётВироиш

  • Лихачева Л. Димитр Благоев (1856—1924).
  • Библиографиче­ский указатель. М., 1956.

СарчашмаВироиш