Бобоев Юрий Израилович

Бобоев Юрий Израилович (тав. 2 ноябри 1917, Самарқанд 1996, ИМА) — мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик.

Бобоев Юрий Израилович

ЗиндагиномаВироиш

Хатмкардаи факултети коргарии ба номи И. Сталини назди Университети давлатии Самарқанд (1938) ва Университети давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ (1943). Корманди адабии рӯзномаҳои «Барои коллективӣ», «Барои маорифи коммунистӣ», «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (1932-37), котиби масъули г. «Октябр» (1936-37), котиби илмӣ (1941-46), ходими илмии Институти таърих ва забону адабиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (1950-52), референти Президенти АИ ҶШС Тоҷ. (1951-52) ва аз соли 1947 муаллим, аспиранти кафедраи адабиёти тоҷикии Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд.

Фаъолияти илмӣВироиш

Юрий Бобоев аз соли 1946 сар карда дар бораи масъалаҳои муҳимми таъриху назария ва нақди адабиёти тоҷик зиёда аз 350 мақолаву рисола таълиф намудааст. Таҳқиқоти Юрий Бобоев ба осор ва рӯзгори С. Айнӣ, М. Турсунзода, масъалаҳои жанри таърихӣ ва адабиёти муосир, анъана ва навоварӣ, лирика ва эпика, забон ва маҳорат, таърихи инкишофи романи тоҷик, тарҷума, маҳорати тарҷумонӣ ва ғ. бахшида шудаанд. Доир ба эҷодиёти М. Горкий, В. Маяковский, А. Лоҳутӣ, Ҷ. Икромӣ ва диг. намояндагони адабиёти халқҳои собиқ шӯравӣ таҳқиқоти ҷудогона дорад. Юрий Бобоев мақоми Айниро дар рушди романи вуқӯъгӯии муосир дар Осиёи Марказӣ таҳлил намуда, аҳаммияти ҷаҳонии осори ӯро дар муқоиса бо романҳои М. Горкий, Р. Такур, Лу Син ва диг. собит намудааст. Ӯ дар рисолаи «Ҷалол Икромӣ» (1970; 1985), мақолаҳои «Асосгузори адабиёти советии тоҷик», (1958), «Майлҳои асосии инкишофи насри советии тоҷик» (1966), «Мактаби Айнии романнавис ва анъанаҳои роман» (1974), «Эстетика ва қадамҳои насру назми тоҷик» (1988) ва ғ. масъалаҳои назарияи роман (эпопея)-ро таҳқиқ намуда, баъзе пешгӯиҳоро дар бораи барҳам хӯрдани роман бо асноду далел рад кардааст. Юрий Бобоев нахустин турсунзодашинос буда, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти М. Турсунзода бештар аз 100 мақолаи илмӣ ва 7 рисола оид ба паҳлуҳои эҷодиёти шоир ба табъ расондааст. Юрий Бобоев муаллифи маҷм. мақолаҳои илмӣ-танқидии «Партия, замон ва адабиёт» (1964), мураттиб, муаллиф ва муҳаррири маҷмӯаҳои зиёди дастаҷамъона аст: «Адабиёти советии тоҷик» (1954), «Ҳаёт ва адабиёт» (1958), «Масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик» (1970), «Ҳаёт, қаҳрамон ва адабиёт» (1978), «Образ ва маҳорат» (1979), «Эстетика ва қадамҳои насру назми тоҷик» (1988) ва ғ. Дар тартиб додани авалин барномаҳои мактабҳои миёна ва олӣ, навиштани китобҳои дарсӣ иштирок кардааст. Ӯ яке аз муаллифони китоби дарсии «Адабиёти советии тоҷик» (барои синфи 10-ум; ҳамроҳи Н. Маъсумӣ ва Х. Мирзозода; 1952-92), «Адабиёти рус» (барои синфи 8-уми мактабҳои тоҷикӣ: ҳамроҳи Н. Содиқова; 1966), муаллифи нахустин китобҳои дарсии назарияи адабиёт барои мактабҳои олӣ — «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» (1974) ва «Назарияи адабиёт» (1987-92) мебошад. Асарҳои В. Карпинский «Мамлакати мо чӣ хел идора мешавад?» (1940), Л. Благой «Пушкин — шоири бузурги миллии рус» (1949), Л. Гумилевский «Болҳои қиркунанда» (1951) ва ғ-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

ҶоизаҳоВироиш

Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1957), Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон (1977). Бо ду медал ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1956.

ОсорВироиш

  • Жанри таърихӣ ва романи «Ғуломон»-и С.Айнӣ, Д., 1948;
  • Асосгузори адабиёти советии тоҷик, Д., 1968;
  • Сарояндаи сарзамини офтобӣ, Д., 1978;
  • Эстетика ва қадамҳои насру назми тоҷик, Д., 1988;
  • Дар бораи тарҷумаи асарҳои В.Маяковский // Шарқи Сурх, 1950, № 4;
  • «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ (китоби 1 ва 2) // Шарқи Сурх, 1950, № 6;
  • Садои дили шоир // Шарқи Сурх, 1961, № 8;
  • Сухан дар бораи шеърҳои нави шоир // Шарқи Сурх, 1969, № 10;
  • Аҳамияти ҷаҳонии адабиёти советӣ // Мактаби советӣ, 1971, № 12;
  • Қувваи ҷонбахши адабиёт //Шарқи сурх, 1964, № 4;
  • Ду проблемаи адабиёт // дар кит. Вопросы современной таджикской литературы, 1971.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

СарчашмаВироиш

  • Бобоев Юрий Израилович / М. Мансуров, А. Худойдодов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.