Бобоҷони Ҳофиз

Бобоҷони Ҳофиз (форсӣ: باباجان حافظ‎; ? — 1543/44) — хаттот, хушнавис, ҳофиз ва шоир.

Бобоҷони Ҳофиз
форсӣ: باباجان حافظ
Таърихи таваллуд: 1543(1543)
Навъи фаъолият: хаттот, хушнавис, шоир, ҳофиз

ЗиндагиномаВироиш

Бародари хонандаи машҳур Ҳофиз Қосим ва фарзанди Ҳофиз Абдулалии Турбатӣ. Падараш дар дарбори султон Ҳусайн Мирзо Бойқаро буд ва дар охири умр ба Ироқ рафта, дар он ҷо маскун гардид. Муаллифи «Оламорои Аббосӣ» ӯро аз настаълиқнависони давраи Таҳмосб донистааст. Бобоҷони Ҳофиз настаълиқро хуш менавишт, аз мусиқӣ огоҳӣ дошт, удро некӯ менавохт ва ба ақидаи Сом Мирзо уд ва шутурғуро некӯтар аз ӯ ҳеч кас нанавохтааст. Зарфишонӣ ва кандакорӣ дар устухонро хуб медонист, дар арӯзу муаммо даст дошт ва шеър мегуфт. Муаллифи рисолаи «Қавоиди хутут» ӯро аз пайравони шеваи Султоналии Машҳадӣ медонад ва гуфтааст, ки ба соли 1537/38 дар Қазвин буд ва Молики Дайламӣ аз вай таълими хатти настаълиқро гирифтааст. Аз осори хаттотии вай ду қитъа дар мураққаи Баҳроммирзои Сафавӣ аст, ки дар китобхонаи Хазинаи авқофи Истанбул маҳфуз мебошад.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  • سام ميرزا صفوی، باهتمام وحيد دستگردی، تهران، ۱۳۱۴؛
  • مهدی بيانی، احوال و اثار خوشنويسان، تهران، ۱۳۴۵.

СарчашмаВироиш