Хоҷа Муҳаммад Бобо Самосӣ (форсӣ: بابا سماسی‎; 1195, Бухоро1257, Бухоро) — ориф ва сӯфии тоҷик, яке аз пирони тариқати силсилаи хоҷагон.

Бобо Самосӣ
форсӣ: بابا سماسی
Иттилооти инфиродӣ
Таърихи таваллуд: 1195
Зодгоҳ: Самос
Таърихи даргузашт: 1353(1353)
Маҳалли даргузашт:
Вироиши Викидода

Зиндагинома вироиш

Дар деҳаи Самос, ки дар масофаи як фарсанг аз Ромитан ва се фарсанг аз Бухоро воқеъ гаштааст, ба дунё омада, дар ҳамон ҷо мадфун аст. Муриди хоҷа Алии Ромитанӣ (Ҳазрати Азизон) буд. Ҳамроҳи пири худ аз Бухоро ба Хоразм рафта, то замони ваф. ӯ (с. 1316) дар он ҷо монд. Хоҷа Алии Ромитанӣ пеш аз марг Бобо Самосӣро ба ҷонишинии худ баргузида, дигар муридонро ба мутобиат аз ӯ фармуд. Бобо Самосӣро дар шумори аҳли ҷазба ва сукр ёд кардаанд. Наздиктарин асҳоби ӯ чаҳор тан ба ҳи­соб мерафтанд, ки иборатанд аз: хоҷа Суфии Сухорӣ, фарзандаш хоҷа Муҳаммади Самосӣ, мавлоно Нодири Донишманд ва Саййид Амири Кулол. Ахирӣ аз ҳамаи асҳоби Бобо Самосӣ афзалу акмал буда, ҷонишин ва халифаи аввали ӯ ба шумор мерафт. Тибқи ривояти таз­кираҳо, Бобо Самосӣ зуҳури хоҷа Баҳоуддини Нақшбандро пеш аз таваллудаш пешбинӣ карда буд. Чун Баҳоуддин зода шуд, бобояш, ки муриди Бобо Самосӣ буд, ӯро ба ҳузури шайх овард, Бобо Самосӣ ҳам он кӯдаки навзодро фарзанди рӯҳонии хеш хонда, ба халифаи худ Амири Кулол фармуд, ки дар ҳаққи ӯ шафқатро дареғ надорад ва тарбияташ намояд. Ба қавле, Баҳоуддини Нақшбанд талқини зикрро аз Бобо Самосӣ гирифтааст.

Адабиёт вироиш

  • Муҳаммадхоҷаев А. Нақшбандия ва Хоҷа Аҳрор. Д., 2008;
  • بارساخواجهمحمد. رسالهقدسیة. راولبندی،۱۹۷۵؛
  • جامیعبدالرحمن. نفحاتالانسمنحضراتالقدس. تاشکند،۱۹۱۰؛
  • الصفیعلیبنحسینواعظکاشفی. رشحاتعینالحیات. تهران،۱۳۵۶ش.

Сарчашма вироиш