Бобринской Алексей Алексеевич (9 (21) декабри 1861, Маскав — 4 декабри 1938, Суизи, Тирол Итолиё) — муаррих, яке аз шарқшиносони намоёни пешазинқилобии рус.

Алексей Бобринской
Таърихи таваллуд 21 декабр 1861(1861-12-21)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 декабр 1938(1938-12-04)[1] (76 сол)

Зиндагинома вироиш

Аз авлоди мустақими Екатеринаи Бузург. Граф. Дар аввали фаъолияташ бо деҳқонони Россия ҳамкорӣ карда, барои рушди хоҷагии деҳқонӣ кӯшиши зиёде намудааст. Аз солҳои 1890 таваҷҷуҳаш ба Осиёи Миёна зиёд шуда, бо пули худаш ба Помир се экспедитсияи илмӣ (солҳои 1895, 1897 ва 1901) ташкил дода, дар бораи таъриху фарҳанги тоҷикони кӯҳистон чанд китоб эҷод кардааст. Антрополог ва зоолог Богоявленский Николай Василович дар ҳар се сафари Алексей Бобринский ба Помир ӯро ҳамроҳӣ карда, ба ҳайати экспедитсияи соли 1898, бо пешниҳоди профессор В. Ф. Миллер, Семенов А. А. ӯро ҳамроҳ мекунад.

Ҳар се олим чанд таҳқиқоти якҷои илмӣ анҷом дода, ба чоп мерасонанд. А. А. Семенов як силсила мақола навишта, ба медали тилои Ҷамъияти дӯстдорони илмҳои табиатшиносӣ, антропологӣ ва мардумшиносӣ қадр карда мешавад. Н. В. Богоявленский (1901) мақолае таҳти унвони «Дар болооби рӯди Ому» навишта, худи Алексей Бобринский ҳам барои китоби «Нигораҳои тоҷикони кӯҳистони Дарвоз» бо медали тило мукофотонида мешавад. Ӯ ҳамчунин муаллифи асари «Тоҷикони кӯҳистони болооби рӯдхонаи Панҷ» мебошад.

Фаъолияти баъдии Алексей Бобринский ба омӯзиши ҳунарҳои дастии русҳои шим. ва шим. ғарби Россия бахшида шуда, бо мутахассисони аксбардор дар ҷустуҷӯйи ҳар гуна олоти чӯбини устоҳои моҳири чӯбкори Россия камари ҳиммат бастааст. Соли 1910 дар фикри нашри албоми саноеи дастии чӯбкорӣ афтода, соли 1914 интишор мекунад, ки дар хориҷа ҳам нашр шудааст. Соли 1916 китоби «Кандакории санг дар Россия» аз чоп мебарояд, ки қисми дувумаш ба таҳқиқи сангҳои рӯйи қабр (сағонаҳо) бахшида шуда, мутобиқи васияти муаллиф онро баъди вафоташ Институти Белград ба номи Н. П. Кондаков чоп кард.

Бобринской А. А. Горцы верховьев Пянджа. М., 1908; ҳамон. Орнамент горных таджиков Дарваза (Нагорная Бухара). М., 1900.

Эзоҳ вироиш

  1. RKDartists (нидерл.)

Сарчашма вироиш

  • Бобринской Алексей Алексеевич / М. Ҳазратқулов, С. Ғуломшоев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.