Бодғелак (лот. Salsola pestifer), хори ғелон, шутуришкам, ғелакгиёҳест серхори худрӯй.

Бодғелак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Salsola pestifer

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

вироиш

Пояаш сершох (аз 20 см то 1,5 м қад мекашад). Баргаш майда (дарозиаш 10–60 мм), борик, нӯгтез. Гулаш беранг ё гулобитоб (моҳҳои июл – авг. мешукуфад). Мевааш лӯнда, майда (қутраш 1,5 мм). Бодғелак асосан дар гилхок, хоки регу сангрезадор, санглох, шӯрзамин, чун алафи бегона дар киштзор, полиз ва ғайра (қаторкӯҳҳои Зарафшон, мавзеъҳои воҳаи дарёи Сир, Тоҷикистони Ҷанубӣ, Шарқӣ, Помири Ғарбӣ; 350–3000 м баландтар аз с. б.) мерӯяд.

Корбурдҳо

вироиш

Бодғелаки наврустаро бузу гӯсфанд нағз мехӯранд. Онро то давраи гулшукуфт силос мекунанд. Силосаш хушхӯр ва монанди бисёр руста ниҳои хӯшадор серғизост. Табибони халқӣ бо ҷӯшидаи шираи навдаҳои сероби бодғелак баъзе касалиҳои пӯстро табобат мекарданд. Ширааш барои ранг (зарду сабз) кардани мӯйина истифода мешуд. Бодғелакро барои собунпазӣ ва сӯзишворӣ ҳам истифода мебурданд. Тухми бодғелак то 17,5% равған дорад, ки барои истеҳсоли алиф ва рангу локкор мефармоянд. Дар барг (0,32%), поя (0,24%), тухм (0,51%) ва реша (0,01%)-и бодғелак як миқдор алкалоид (α-Салсолин, L- Салсолидин ва ғайра) мавҷуд аст.

Адабиёт

вироиш
  • Флора Таджикской ССР. Т. 3. Л., 1968;
  • Садыков Ю. Д., Ходжиматов М. Алкалоиды Salsola pestifera A. Nels.//Изв. АН Таджикской ССР, Отд. физико-математических, химических и геологических наук. 1985, № 2 (96).

Сарчашма

вироиш