Бозсозӣ (русӣ: перестройка) — номи умумии ислоҳот, идеологияи нав ва сиёсати роҳбарияти Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (ҲКИШ) ва ИҶШС, ки мақсади асосии он навсозии амиқи тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мамлакат, дар заминаи ташкили нави меҳнати ҷамъиятӣ равнақ додани корҳои хоҷагии халқ ва ҳарҷониба ошкор кардани моҳияти инсондӯстонаи ҷамъиятӣ дар соҳаи иқтисодиёт, ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва маънавӣ буд.

Маркаи почта (1988)

Марҳалаҳо вироиш

Соли 1987 вироиш

Ин ислоҳотро ба таври расмӣ дар пленуми КМ ҲКИШ дар таърихи 27 январи 1987, ки масъалаи «Дар бораи бозсозӣ ва сиёсати кадрии ҳизб»-ро муҳокима менамуд, эълом доштанд. Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои зеринро ҳамчун хосиятҳои асосии рушди сиёсии кишвар муаррифӣ намуданд: аз мақомоти давлатӣ ба ҳизби сиёсии воқеӣ табдил ёфтани ҲКИШ; ба мақомоти роҳбарикунанда пешбарӣ намудани ғайриҳизбиён; васеъгардонии «демократияи дохилӣ»; тағйироти вазифаҳо ва нақши Шӯроҳо, ки дар ташаккули онҳо ҳамчун мақомоти воқеии ҳокимият дар ҳудудҳои хеш таҷассум меёфт; барпо намудани интихоботи Шӯроҳо дар асосҳои рақобатӣ ва ғ.

Мақсад ва мазмуни воқеии бозсозиро ба арзишҳо ва идеалҳои умумиинсонӣ наздик ва ҳаммаъно гардонидани сиёсат, иқтисодиёт, идеология ва фарҳанги кишвари паҳновару гуногунчеҳраи Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил менамуд. Аммо ба ҳадафҳо ноил нагардиданд. Бозсозӣ батадриҷ нагузашт ва оқибат ба таназзул ва аз байн рафтани мамлакат сабаб гардид. Дар соҳаи ҳаёти сиёсӣ раванди демократикунӣ пеш гирифта шуд. Ба ҳама субъектҳо ва объектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ озодии мутлақ ато гардид, аммо ҳисси масъулият дар назди шаҳрванд, ҷомеа ва давлат фаромӯш шуд. Гузаштаи мамлакат ва сарварони он ҳадафи танқиди сахту ноодилона қарор дода шуд. Ҳатто дар симои сарварони солиёни пеш «душманони халқ»-ро меҷустанд. Нерӯҳои гуногуни сиёсӣ мақсаду вазифаҳои мухталиф доштанд. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гашта, вазифаҳои худро иҷро кардан наметавонист. Қонуну санадҳои тартиботи ҳуқуқиро аксари субъектҳои муборизаи сиёсии фаъолгашта ба эътибор намегирифтанд. Дар ҳар ҷойи мамлакат дар заминаи муносибатҳои сиёсию миллӣ муқовиматҳо ба амал меомаданд.

Соли 1991 вироиш

Соли 1991 дар мамлакат 2 бор балво (август ва декабр) ба амал омад, ки боиси аз ҳам дур гаштани ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва аз байн рафтани ИҶШС гашт. Ҳамаи ин бенатиҷа намемонад ва одамон ба фаъолияти сиёсӣ кашида мешаванд.

Вақте ки азобу кулфат, муҳтоҷӣ ва мусибати одамон хеле авҷ мегирад, онҳо дигар ба вазъияти мавҷуда муросо карда наметавонанд. Маҳз шароити ҳаёт онҳоро маҷбур менамояд, ки рӯ ба амалиёт ва эътирозот оранд ва авзову ҳолати худро тағйир диҳанд.

Одамон дар таркиби муносибатҳои истеҳсолӣ нақши асосӣ мебозанд. Сатҳи рӯоварӣ ба фаъолияти сиёсӣ ба ҳаҷми моликият ва дороӣ, ки дар дасти одамон ва ё гурӯҳҳои муайян қарор дорад, вобаста аст. Дороиҳое, ки ин ва ё он гурӯҳ дар ихтиёр дорад, мақоми онро дар низоми ҷамъиятӣ муайян менамояд. Дар ҳақиқат, нақши заруриро дар ҷомеа чунин гурӯҳҳо ба ҷо меоранд. Ҳукмронии иқтисодӣ, ҳокимияти васеи ҳаёти моддӣ ба онҳо имконияти таъсири ҳалкунанда расониданро ба самтҳои асосии инкишофи ҷомеа медиҳанд. Аммо намояндагони ин гурӯҳ мехоҳанд, ки ин «ҳокимият»-ро расмӣ гардонанд. Аз ин хотир, муборизаи фаъоли сиёсӣ баҳри ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ оғоз мешавад. Нерӯҳои сиёсӣ метавонанд мақсадҳои худро рӯпӯш намоянд ва диққати оммаро аз ҳалли масъалаҳои асосӣ дур созанд.

Оғози давраи бозсозӣ ва демократикунии ҷабҳаҳои гуногуни ҷомеа аз тарафи субъектҳои муносибатҳои сиёсӣ ба ҳар гуна фаҳмида шуданд. Нерӯҳои сиёсии гуногуни бамайдономада равандҳои акнун оғозгаштаи демократиро таҳриф намуда, ваҳдату инкишофи ҷомеаро мақсади асосии худ хонданд, аммо ба корҳои ғайр машғул гаштанд. Ин қувваҳои сиёсӣ ба бисёр санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналхалқию ватанӣ муроҷиат намуда, риояи пурраи онҳоро ваъда доданд, аммо дар амал корҳое ба иҷро мерасониданд, ки аз ҳар гуна меъёр ва ахлоқ берун буд. Баъди он ки Съезди депутатҳои халқи ИҶШС ба моддаи IV Конститутсияи ИҶШС тағйироти сифатан нав дохил намуд, дар мамлакат плюрализми сиёсӣ ва системаи бисёрҳизбӣ воқеӣ гардид, вазъияти сиёсии кишвар босуръат пурихтилоф мешуд. Ин ҳолатро дар охири солҳои 1980 раванди истиқлолхоҳии кишварҳои миллӣ таъсири бештар бахшид. Агар соҳибистиқлол гаштани воҳидҳои миллию ҳудудӣ ба манфиати аксарияти кулли аҳолӣ ба амал ояд ва чун воситаи комил гаштани ҷомеа бошад, ҳеч ҷойи таассуф нест. Аммо дар бисёр мавридҳо ба ҳаракатҳои истиқлолиятхоҳӣ нерӯҳои миллатгароии канора сарварӣ менамуданд. Албатта, ин нерӯҳои сиёсӣ расман ҳамаи ҳуқуқу озодиҳоро эътироф менамуданд, вале дар асл онҳоро риоя намекарданд. Давлатҳои соҳибистиқлоли нав, ки аксарияти онҳо аз ҷиҳати таркиби этникию миллӣ гуногунчеҳраанд, кафолати инкишофи озодонаву демократии тамоми бошандагони худро додан наметавонанд.

Оқибатҳо вироиш

Оқибатҳои бозсозӣ дар воқеияти ҳолати иқтисодии мамлакат таҷассум ёфт. Мас., захираи тило дар соли 1985 2500 т-ро ташкил медод. Дар соли 1991 он ба 240 т поён фаромад. Суръати инкишофи иқтисодӣ мутаносибан + 2,3 % ва −11%-ро ташкил менамуд. Қарзи хориҷӣ мутаносибан ба 25 ва 103, 9 млрд доллар баробар гардида буд. Дар муносибатҳои байниҳамдигарии умумиятҳои миллию этникӣ як навъ тамоюли бегонашавӣ пайдо гардид. Диққати асосӣ ба аломатҳо ва хусусиятҳои миллӣ дода мешуд. Ҳатто дар бисёре аз ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, аз қабили Эстония, Литва, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон, худи Руссия ва ғ. ташкилоту иттиҳодияҳое таъсис ёфтанд, ки дар фаъолияти онҳо ғояҳои бартарию афзалияти миллӣ нисбат ба миллатҳои дигар хусумати байнимиллӣ мақоми махсус доштанд. Муносибатҳои тезутунди ғаразноки байнимиллӣ асосан дар байни аксарияти миллӣ ва ақаллияти миллӣ ба миён меомад. Рафти инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро назора намуда, аксарияти намояндагони ақаллиятҳои миллӣ хулосаҳо мебароранд: Оё минбаъд дар чунин воҳиди миллию маъмурӣ зиндагии оромона ба сар бурдан мумкин аст? Барои чунин савол гузоштан ва ба ин тариқа муносибат намудан онҳо асосҳои зиёд доштанд. Он ҷиҳатҳои умумие, ки аҳолии собиқ ИҶШС-ро муттаҳид менамуданд, дигар вуҷуд надоштанд. Зиёда аз ин, дар минтақаҳои гуногуни мамлакат: Алмаато, Сумгаит, Боку, Фарғона, ҷумҳуриҳои Назди Балтика, Гурҷистон, Абхазия, Арманистон, Осетияи Шимолӣ, Ингушетия, ҳодисаҳои февралӣ (1990) дар Душанбе ва ҷойҳои дигар, моҷароҳо ва задухӯрдҳои хунин ба вуҷуд омаданд. Ҳарчанд ҳамаи ин ҳодисаҳо дар заминаҳои миллӣ пайдо нашуданд ва чун моҷароҳои миллӣ рух надода бошанд ҳам, ба муносибатҳои байни умумиятҳои миллию этникӣ нақши муассир гузоштанд. Моҷароҳои байнимиллӣ оқибати амали омилҳои гуногун мебошанд. Аммо баъзе ҳолатҳоро қайд кардан зарур аст. Ҳангоми тақсимоти ҳудудию маъмурӣ дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ ва инчунин тағйирот дар солҳои минбаъда ба хатоҳои ҷиддӣ роҳ дода шуданд. Қисме аз заминҳое, ки миллату халқиятҳо дар он таърихан зиндагӣ менамуданд, ба ҳайати воҳиди маъмурию миллии дигар кишварҳо дохил гардиданд. Ба чунин ҳолат намояндагони миллату халқиятҳои муосир муросо кардан намехостанд ва талаб намуданд, ки ҳудудҳои давлатдории миллӣ таҷдиди назар гардад. Дар бисёр ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мақоми мухториятҳои ҳудудию миллӣ борҳо тағйир ёфтанд ва ба ҳудудҳои дигар шомил гардиданд. Онҳо аз чунин сурат гирифтани муносибатҳо норозӣ буда, баҳри он мекӯшиданд, ки шакли давлатдории миллӣ мувофиқи хоҳиш ва анъанаи миллияшон бошад. Инчунин умумиятҳои миллию этникӣ дар замони бозсозӣ марҳалаи эҳёи худшиносиро аз сар мегузарониданд. Намояндагони онҳо ба арзишҳо ва сарватҳои миллӣ муносибати хосса зоҳир менамуданд.

Бозсозӣ муносибатҳои байниҳамдигарии тамоми умумиятҳои иҷтимоӣ, муносибатҳои байниҳамдигарии шахс, давлат ва ҷомеаро зиддиятнок карда, ба онҳо хосияти оштинопазирро пайваст гардонид. Муқовиматҳои ҷамъиятӣ кишварро ба ҳолати буҳрони умумӣ ва таназзул овард ва равандҳои сепаратистӣ қувват гирифта, давлати паҳноварро ба кишварҳои нотавон тақсим кард.

Дар Тоҷикистон вироиш

Бозсозӣ барои Тоҷикистон низ оқибатҳои ҳузноварро дар пай дошт. Дарк нагардидани моҳияти ислоҳот ва самтгирии инкишоф ба нерӯҳои пешбари сиёсӣ ва мақомоти идораи давлатӣ имкон надод, ки инкишофи босуботи ҷомеаро таъмин намоянд. Воқеаҳои февралӣ (1990) ва ҷанги ҳамватанӣ дар Тоҷикистон оқибати бевоситаи сиёсати замони бозсозӣ, натиҷаи фаъолияти сиёсатмадорон ва ходимони давлатии давр маҳсуб мешавад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

Осори илмӣ
Ходирот ва аснод
  • Денисов А. А.. Глазами народного депутата СССР. — СПб.: Издательство Политехн. университета, 2006. — 660 с. — ISBN 5-7422-1264-X.
  • Александр Яковлев. Перестройка: 1985—1991. Неизданное, малоизвестное, забытое. — М.: Международный фонд «Демократия», 2008. — ISBN 978-5-89511-015-7.