Камолиддин Бойматов
(Тағйири масир аз Бойматов Камолиддин Ҳамроевич)
Камолиддин Ҳамроевич Бойматов - (1950-2006) олим, доктори илмҳои физикаву математика (1982), профессор (1991), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2001), узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1993).
Камолиддин Бойматов | |
---|---|
Камолиддин Ҳамроевич Бойматов | |
Таърихи таваллуд: | 1950 |
Таърихи даргузашт: | 2006 |
Маъруф ба: | олим, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон |
ЗиндагиномаВироиш
Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносовро хатм кардааст (1971), ихтисос – «математика». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: назарияи спектралии дифференсиалӣ ва операторҳои псевдодифференсиалӣ, назарияи бисёрандозаи системаи навъи таркибӣ ва назарияи ҳалли операторҳои интегралии сингулярӣ. И.в. муовини директори Институти математика бо МҲ АИ ҶШС Тоҷикистон (1981-1986), мудири Шӯъбаи таҳлили функсионалии Институти математикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1986-2006).
ҶоизаҳоВироиш
- Дорандаи Ҷоизаи комсомолии ленинии Тоҷикистон (1976)..[1]
НигаредВироиш
МанобеъВироиш
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с
Пайвандҳои берунаВироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |