Бонки миллии Тоҷикистон

(Тағйири масир аз Бонки Миллии Тоҷикистон)

Бонки миллии Тоҷикистон — бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бонки миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон
Макон  Тоҷикистон, Душанбе
хиёбони Рӯдакӣ, 38/1
Санаи таъсис 28 июни соли 1991
Президент
(раис)
Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло
Арз Сомонӣ
Вебгоҳ nbt.tj(рус.)
Пешина Нурмаҳмадзода Ҷамшед

Таъсис вироиш

Бонки миллии Тоҷикистон бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1991 дар заминаи Идораи Бонки давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶШС Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Соли 1991 «Бонки мил­лии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» ва соли 1996 «Бонки миллии Тоҷи­кис­тон» ном гирифт. 23 май соли 1998 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ»-ро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кард, қабул кард.[1] Дар асоси қонун ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон муайаян карда шудаанд.

Мақсаду вазифаҳо вироиш

Мақсадҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

  • нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо дар доираи са­ло­ҳияти худ;
  • ни рушду таҳкими низоми бонкии мамлакат;
  • мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.

Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  1. сиёсати пулию қарзии Тоҷикистонро таҳия ва амалӣ менамояд;
  2. ҳамчун бонкдори давлат ва намояндаи молиявии он амал мекунад;
  3. таҳлили иқтисодӣ ва пулӣ анҷом дода, дар асоси он ба Ҳукумати Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод мекунад, натиҷаҳои таҳлилро ба маълумоти ҷомеа мерасонад;
  4. барои иҷрои амалиёти бонкӣ ба бонкҳо ва таш­ки­лот­ҳои қарзии ғайрибонкӣ иҷозатнома дода, фаъолияташонро танзиму назорат менамояд;
  5. барои ташкилотҳои қарзӣ мақоми қарз­ди­ҳан­даи ни­ҳоӣ мебошад;
  6. низомҳои пардохтӣ, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва хидматрасониҳои пулиро дар Тоҷикистон ташкил намуда, фаъо­ли­яти онҳоро танзим ва назорат менамояд;
  7. ба таври инҳисорӣ (монополӣ) интишор (эмис­си­яи)-и пулро амалӣ намуда, ба гардиш даровардан ва аз муомилот гирифтани онро ба роҳ мемонад;
  8. захираҳои байналмилалиеро, ки дар ихтиёр дорад, ни­гоҳ­­­дорӣ ва идора менамояд;
  9. аз номи Тоҷикистон ба худ уҳдадориҳо гирифта, ама­лиётеро, ки аз ширкати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои бонкию муносибатҳои пулӣ мувофи­қи шартномаҳои байналми­ла­лӣ бармеояд, иҷро мекунад;
  10. тавозуни пардохти давлатро тартиб медиҳад;
  11. амалиёти дигари бонкӣ ва вазифаҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ мекунад, иҷро менамояд.

амалиёти дигари бонкӣ ва вазифаҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ мекунад, иҷро менамояд.

Вазъи ҳуқуқӣ вироиш

Асоси қонунгузории бонкии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷи­кистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ташкил медиҳанд. Мақоми ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, усулҳои ташкили он, вази­фа­ҳои асосӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақ­саду воси­таҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ, усулу тарз­ҳои танзиму назорати бон­кӣ, тартиби таҷдиди сохтор ва барҳам додани муас­сисаҳои қарзӣ, ташкили гардиши пу­лу ҳи­соб­баробарӣ ва дигар вазифаву ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикис­тон» муайян мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон моликияти Тоҷикистон бу­да, дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон мас­ъул аст.

Ваколатҳо вироиш

Бонки миллии Тоҷикистон шахси мустақили ҳуқуқӣ буда, метавонад ба мақсади иҷрои вазифаҳои худ, ташкилотҳоеро, ки дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ мебошанд, таъсис диҳад, биноҳо, иншоот ё амволи дигарро ба даст орад, ки барои таъмини фаъолияти вай заруранд.

Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад.

Давлат ҳимояи ҳуқуқи амволии қонунии Бонки миллии Тоҷикистонро кафолат медиҳад ва наметавонад амвол, фондҳо, воситаҳои пулии онро мусодира намояд,0 ё сармояи оинномавии онро кам кунад.

Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро мустақилона ташкил карда, ба амал мебарорад ва дар доираи салоҳияте, ки ба вай қонун додааст, соҳибихтиёр аст. Мақомоти ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроия ҳақ надоранд ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва воҳидҳои он дар амалӣ намудани ваколатҳои қонунан ба зиммааш гузошташуда дахолат намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо салоҳдиди худ дар мамлакат ва хориҷ аз он шӯъбаҳо ва намояндагиҳо кушояд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба муассисаҳои хориҷӣ, ҳукуматӣ, молиявӣ ва бонкӣ, инчунин ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар онҳо Бонки миллии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд, хидматҳои бонкӣ расонад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ба сифати намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи худ уҳдадориҳо гирад ва амалиётро, ки ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналхалқӣ вобастаанд, иҷро намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад, ки вай фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин ва аз вазифа озод намудани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони вайро тасдиқ мекунад, ҳисоботи солонаи пешниҳодкардаи Бонки миллии Тоҷикистон ва хулосаи аудиториро баррасӣ менамояд.

Шуъбаҳо ва намояндагиҳо вироиш

Бонки миллии Тоҷикистон дорои 5 шуъбаи минтақавӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Ғарм ва 1 намояндагӣ дар Федератсияи Русия мебошад.

Пулҳо вироиш

Бонки миллии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз 26 октябри 2000, № 415 соли 2000 пули миллии кишвар — Сомонӣ (пулҳои коғазии арзишашон 1,5, 10, 20, 100 со­монӣ ва воҳидҳои хурди он бо арзиши 1,5, 20, 50 дирам) ва дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон аз 28 августи 2001 ва аз 3 сентябри ҳамон сол тангаҳои филиззии арзишашон 1, 3, 5, сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирамро ба муомилот баровард. Ислоҳоти мазкур анҷоми мантиқии давраи барқароршавии шабакаи бонкӣ, барпо намудани сиёсати пулию қарзӣ ва ташкилшавии низоми миллии пулӣ гашта, барои рушду такомул, вусъату инкишофи ҳаматарафаи бахши молиявии иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат кард.

Дастовардҳо вироиш

Бонки миллии Тоҷикистон соли 1997 бо мақсади инкишофи низоми пардохт дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ барномаи густардаи «Омо­дасозии ҷадвалҳои ҳисоботии гардиши пул дар Ҷумҳу­рии Тоҷикистон» ва Низомнома «Дар бораи ташкили ҳи­соббаробаркунии байнибонкӣ аз рӯи низоми пардохтҳои электронӣ»-ро таҳия ва дар амал татбиқ намуд. Моҳи ию­ли 1999 ба узвияти Созмони байналхалқии SWIFT қа­бул ва ба системаи INTERNET ҳамроҳ гардид, ки дар низоми бонкии Тоҷикистон воқеаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Назарсанҷиҳои БМТ вироиш

Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ назди БМТ ҷиҳати муайян намудани сабаб, шароит ва омилҳои коҳиш ёфтани боварии аҳолӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ (ТҚМ) феврали соли 2021 назарсанҷиро миёни аҳолии ҷумҳурӣ гузаронид. Аз рӯи таҳлили маълумотҳои ҷамъбастии ҷавобҳои додашудаи респондентон натиҷагирӣ карда шуд, ки ҳиссаи истифодабарандагони хизматрасониҳои ТҚМ дар ду соли охир 79,0 фоизро ташкил медиҳад. Онҳо бештар аз чунин хизматрасониҳои ТҚМ - гирифтани қарз, интиқоли маблағҳо, гирифтани корти пардохтӣ, пасандозгузорӣ ва кушодани суратҳисоб истифода менамоянд. Дар ду соли охир 21,0 фоизи респондентон аз хизматрасониҳои ТҚМ истифода намебаранд.[2]

Эзоҳ вироиш

  1. История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история). Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С. 564.
  2. Маводи таҳлилӣ доир ба “Муайян намудани сабаб, шароит ва омилҳои коҳиш ёфтани боварии аҳолӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ (ТҚМ)(тоҷ.). www.nbt.tj. 16 июни 2022 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии То­ҷи­кистон». Д., 1996;
  • Бонкдорӣ дар Тоҷикистон, № 3, октябри 2009.

Пайвандҳо вироиш

  • nbt.tj — вебгоҳи расмии Бонки миллии Тоҷикистон

Сарчашма вироиш