Боғи ноҳияи Шоҳмансур

Боғи ноҳияи Шоҳмансур — дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дар қисмати ҷануби пойтахт дар паси вокзали шаҳрии роҳи оҳан воқеъ аст.

Тавсиф вироиш

Боғи фароғат ва истироҳати ноҳияи Шоҳмансур дар ибтидо ҳамчун «Боғи шаҳрии роҳиоҳанчиён» соли 1936 бунёд ёфта буд. Дар охири солҳои 1990-ӯм номи ҳозираашро гирифтааст. Саҳни майдони боғ бо дарахту буттаҳои гуногун оро дода шудааст. Барои кӯдакон якчанд гулгашти зебо ва иншоотҳои хурди дилхуши ба монанди «хатти роҳи оҳан» барои хурдсолон сохта шудаанд. Инчунин, дар боғ бинои клуб, китобхона, дуконҳои тиҷоратӣ сохта шудаанд. Масоҳати боғ 3,5 га ташкил медиҳад. Боғ яке аз ҷойҳои истироҳати волидайну кӯдакон ва сокинони шаҳр гардидааст.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Салия Мамаджанова, Рустам Мукимов. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). – Душанбе, 2008. С. – 283