Бҳилҳо
Бҳилҳо — яке аз қавмҳои қадими Ҳиндустони Ғарбӣ, ки бо ҳам пайванди хешутаборӣ доранд.
Таърих
вироишШумораи бҳилҳо 13 млн нафар буда (2001), дар иёлоти Мадҳия-Прадеш (4,6 млн), Гуҷарот (3,4млн), Роҷистон (2,8 млн) ва Маҳараштра (1,8 млн) Ҳиндустони Ғарбӣ сукунат доранд. Забонашон бҳилӣ буда, ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад. Масъалаи этногенези Б. то ҳол норавшан аст. Бҳилҳо аз рӯйи шакли бинӣ, мӯй ба африқоиҳо ва аз рӯйи тарҳи рӯй, чашм ба мардуми ориёӣ шабоҳат доранд. Бҳилҳо ҳеч гоҳ худро бо номи «бҳил» ёд намекунанд, балки мардуми атроф ин номро ба онҳо нисбат додаанд. Бҳил аз решаи вожаи дравидии «billu» баромада, маънои камонро дорад, ки силоҳи асосии бҳилҳо буд. Бинобар маълумоти солномаҳои таърихӣ ва осори хаттии ҳиндиву гуҷаротӣ, дар сарзамини маскунии бҳилҳо иттиҳодияҳои сиёсие вуҷуд доштанд, ки онҳоро пешвоёни қабилаҳо сарварӣ мекарданд. Пешвоёни бҳилҳо ҳокимияти пурзӯр надоштанд ва бо сарварони давлатҳои ориёӣ сулҳ баста, дин ва расму русуми онҳоро қабул карданд. Ҳамчунин Бҳилҳо бар зидди кушониҳо ва гуптҳо муқовимат нишон дода, соҳибихтиёрии сарзамини худро ҳифз карданд. Бҳилҳо танҳо дар давраи истилогариҳои раҷпутҳо (асрҳои 9–10) соҳибихтиёрии худро аз даст дода, масканҳояшонро дар ҳамвориҳо тарк карда, ба ҷангалзорҳо ва кӯҳҳо паноҳ бурданд. Новобаста ба ин, Бҳилҳо раҷпутҳоро дар мубориза бар зидди султонҳои Деҳлӣ ёрӣ мекарданд. Бҳилҳо дар давраи ҳукмронии Темуриёни Ҳинд яке аз қавмҳои саркаш буданд, ки якчанд бор лашкари онҳоро шикаст доданд. Соли 1881 бҳилҳо дар Удайпур бар зидди ҳукумати Британияи Кабир шӯриш бардоштанд. Аз ибтидои садаи XX дар байни Бҳилҳо ҳисси худшиносии миллӣ ташаккул ёфта, зери шиори бҳил-раҷ (худидоракунии бҳилҳо) ҳуқуқи худидоракуниро дар маҳалли зисти худ талаб карданд.
Тавсиф
вироишШуғли асосии бҳилҳо кишоварзӣ, боғдорӣ ва шикор мебошад. Дар байни Бҳилҳо муомилоти пулӣ вуҷуд дошта бошад ҳам, хоҷагиҳои онҳо хусусияти натуралӣ доранд. Бҳилҳо аксари асбобҳои рӯзгори худро аз бамбук сохта, олоти кории оҳанинро аз бозорҳои атроф харидорӣ мекунанд. Биринҷ ва арзан ғизои асосии Бҳилҳо мебошад. Хонаҳои Бҳилҳо аксаран 3‒ 4-ҳуҷрагӣ буда, аз лой, қамиш ва бамбук сохта шудаанд. Хонаҳои Бҳилҳо тиреза надоранд ва рӯшноӣ танҳо ба воситаи дар ба он ворид мешавад. Қисми зиёди заминҳои Бҳилҳо моликияти хусусӣ буда, ҳоло ҳам заминҳои обшинагӣ вуҷуд доранд. Ҷамоати деҳотро Панҷаят (шӯрои интихобӣ) идора мекунад. Панҷаят масъалаҳои дохилии ҷамоати деҳотро ҳал менамоянд, аксари аъзои онро куҳансолон ташкил медиҳанд. Панҷаятро васаво (дар Гуҷарот) ё мукҳи (дар Роҷистон) сарварӣ мекунад. Сарвари Панҷаят ҳамчунин дар як вақт намояндаи давлат ҳисоб ёфта, моҳона мегирад ва аз пардохти андоз озод аст. Дар ҷамоати деҳоти Б. ба корҳои динӣ коҳин–пунҷаро сарварӣ намуда, дар маросимҳои таваллуди фарзандон, никоҳ, дафн ширкат мекунад. Дар оилаи Бҳилҳо корҳои асосии хоҷагиро мард анҷом медиҳад, зан ба пухтупаз ва тарбияи фарзандон машғул мебошад. Зан дар оилаи бҳилҳо ҳуқуқи ба мерос бурдан надорад. Синни никоҳӣ барои мардон 17–19 ва барои занон 15–17 муқаррар карда шудааст. Аксари Бҳилҳо пайрави ҳиндуия мебошанд. Эътиқодоти динии Бҳилҳо аз ҳиндуияи анъанавӣ хеле фарқ дошта, дини онҳоро Сарна меноманд. Қисми ками Б. пайравони дини ислом мебошанд, ки ҷамоаи онҳоро «Тадви бҳила» меноманд. Ҳамчунин баъзе ҷамоаҳои бҳилҳо худоҳои қадими қабилавии Кандоба, Каноба, Баҳироба ва Стилматаро парастиш менамоянд. Бҳилҳо ҷасади фавтидагонро сӯзонда, хокистари онро мегӯронанд. Мардонро бо камонғӯлак ва занонро бо ороишоти дӯстдоштаашон месӯзонанд. Ҷашни асосии Бҳилҳо Гаврӣ буда, дар моҳи август тӯли 40 рӯз ба таври хос таҷлил карда мешавад. Ҳукумати Ҳиндустон барои маҳви бесаводӣ дар байни Бҳилҳо корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, вале ҳоло ҳам қисми зиёди фарзандон ҳамроҳи волидайн ба корҳои муздурӣ машғул шуда, аз таълиму тарбия дур мондаанд.
Адабиёт
вироиш- Синкха Н. К., Банерджи А. Ч. История Индии. М., 1954;
- Народы Южной Азии. М., 1963.
Сарчашма
вироиш- Бҳилҳо // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.