Вагиноскопия (аз лот. vagina – маҳбил ва scopia – муоина) — яке аз усулҳои муоинаи маҳбил. Вагиноскопия ба воситаи асбоби махсус – вагиноскоп иҷро карда шуда, барои ташхиси бемориҳои аъзои таносули занҳо, омос, берун овардани полип, ҷисмҳои бегона ва ғ. муҳим аст. Вагиноскопия ба дӯшизагӣ зарар надорад, аз ин лиҳоз онро метавон барои муоинаи духтарон низ истифода кард. Вагиноскопия усули дақиқи ташхису муолиҷаи бемориҳои гарданаи бачадон ва маҳбил мебошад.

Нигаред вироиш

Сарчашма вироиш