Вайон-Кутюрио Пол (8.1.1892, Порис – 10.10.1937, ҳамон ҷо) — нависанда ва ходими Ҳизби коммунисти Фаронса. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Порис. Иштирокдори Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914–18). Яке аз асосгузорони Ҳизби коммунистӣ дар Фаронса (1920). В.-К. Инқилоби Октябри соли 1917-ро бо хушнудӣ пешвоз гирифт. Солҳои 1926– 37 сармуҳаррири г. «Юманите »-и Фаронса буд. В.-К. якчанд бор ба собиқ ИҶШС, соли 1931 ба Тоҷикистон омад. Вай нахустин нависандаи фаронсавист, ки ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ бо ҳаёти иқтисодию фарҳангии халқии тоҷик шинос шуда, таассуроти хешро дар силсилаи очеркҳо нигошт, ки дар г. «Юманите» ба табъ расиданд. Асарҳои «Бозгашти чӯпон » (1913), «Сулҳ» (1913–14), «Айёми таътил», «Ҷанги аскарон» (ҳар ду 1919), «Жанни бенаво» (1921), «Поездҳои сурх» (1925) ва ғ. навиштаҳои В.-К. мебошанд. Соли 1932 маҷмӯаи очеркҳои В.-К. (иборат аз 24 очерк) ба шакли китоби алоҳида ба табъ расид (ба русӣ, 1933). Понздаҳ боби ин маҷмӯа таассуроти сафари В.-К.-ро аз боздиди мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон фаро гирифтааст.

Вайон-Кутюрио Пол
фр. Paul Vaillant-Couturier
Сурат
Таърихи таваллуд 8 январ 1892(1892-01-08)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 10 октябр 1937(1937-10-10)[3][4][1][…] (45 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша сиёсатмадор, нависанда, рӯзноманигор
Модар Marguerite Vaillant-Couturier[d]
Ҳамсар Marie-Claude Vaillant-Couturier[d][3] ва Ida Treat[d][5]
Ҷоизаҳо
Médaille militaire
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Сарчашма вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. Sycomore (фр.) / Assemblée nationale
  3. 3.0 3.1 L'Humanité (фр.)RF: 1996. — ISSN 0242-6870; 2496-8617
  4. 4.0 4.1 4.2 Вайян-Кутюрье Поль // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. https://maitron.fr/spip.php?article133045
  6. 6.0 6.1 Каталог Немецкой национальной библиотеки (нем.)