Якоб Ваккернагел (11.12.1853, Базел – 22.5.1938, ҳамон ҷо) — забоншиноси швейтсарӣ. Мутахассиси соҳаи забони юнонӣ ва ҳиндушиносӣ.

Ваккернагел Якоб
олмонӣ: Jacob Wackernagel
Таърихи таваллуд 11 декабр 1853(1853-12-11)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 22 май 1938(1938-05-22)[4][1][2][…] (84 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ Indo-European studies[d], забоншиносӣ, ҳиндшиносӣ[d][5] ва classical philology[d][5]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Bavarian Maximilian Order for Science and Art
 Парвандаҳо дар Викианбор

Якоб Ваккернагел дар донишгоҳҳои Базел (1879 – 1902) ва Гёттинген (1902–15) дарс додааст. В. муаллифи асари бунёдии «Грамматикаи забони санскрит» (ҷ.-ҳои 1–3, 1896–1930) мебошад. Доир ба тартиби калимаҳо дар ҷумлаи содаи забони мабдаи ҳиндуаврупоӣ ва забонҳои бостонии ҳиндуаврупоӣ қонуниятеро кашф карда, таҳия намуда буд, ки он баъдан дар забоншиносӣ бо номи «Қонуни В.» пазируфта шуд. Мувофиқи қонуни мазкур ҷонишинҳои энклитикӣ дар ҷумла ба калимаҳое, ки задаи мантиқӣ мегиранд, васл мешаванд, яъне дар мавқеи дуюм қарор мегиранд.

Осор вироиш

  • Die epische Zerdehnung «Beitrȁge zur Kunde der indogermanischen Spachen», 1878, Bd 4;
  • Vorlesungeb ȕber Syntax mit besonderer Berȕcksichtigung von Griec hisch, Lateinisch und Deutsch, Bd 1–2, Basel, 1920–24.

Сарчашма вироиш

Эзоҳ вироиш