Ваҳдат (собиқ Миденшор)

Ваҳдат (собиқ Миденшор) — шаҳрак, маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон.

Шаҳрак
Ваҳдат
Миденшор
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Ноҳия Шуғнон
Координатаҳо 37°21′00″ а. шим. 71°42′58″ т. ш.HGЯO
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Ваҳдат дар харитаи
Ваҳдат
Ваҳдат

ҶуғрофияВироиш

Аз Ваҳдат то маркази вилоят 15 км, то шаҳри Душанбе 626 км; роҳ автомобилгард[1]. Масоҳаташ 0,52 км2.

АҳолӣВироиш

Аҳолиаш 2426 нафар (2012), тоҷикон.

Маориф, фарҳанг ва иҷтимоиётВироиш

Дар Ваҳдат мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, интернати наздимактабӣ, мактаби мусиқӣ, клуб, беморхонаи минтақавӣ, дармон­гоҳ, дорухона, маркази назорати санитарию эпидемио­ло­гӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ, маркази савдо ва 6 нуқтаи савдои хусусӣ, чойхона, ошхона ва фабрикаи «Ҳаёти нав» мавҷуданд. Ташкилоти байналхалқии МСДСП-и Ха­зи­наи Бунёди Оғохон ва як қатор филиали бонкҳо фаъолият мекунанд. Дар Ваҳдат чашмаи Носири Хусрав, осор­хона­ҳои инфиродии Носири Хусрав, Шириншо Шоҳте­мур, Моёншо Назаршоев мавҷуданд.

КишоварзӣВироиш

Соҳаҳои асосии хо­ҷагӣ: боғдорӣ, занбӯрпарварӣ, сабзавоткорӣ. Заминҳо аз Барчиддара обёрӣ мешавад.

ЭзоҳВироиш

  1. ЭМТ, Ҷ. 3. БОЗ-ВИЧКУТ – Душанбе: СИЭМТ, 2014, — с.554-555

СарчашмаВироиш