Вивалди Антонио

Вивалди Антонио (1677-1741), композитори барҷастаи итолиёвӣ, скрипканавоз, дирижёр, омӯзгор.

Вивалди Антонио
Antonio Vivaldi
Vivaldi.jpg
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд

итол. Antonio Lucio Vivaldi

Санаи таваллуд

4 март 1678(1678-03-04)[1][2][…]

Зодгоҳ
Санаи марг

28 июл 1741(1741-07-28)[1][2][…] (63 сол)

Маҳалли марг
Солҳои фаъолият

16851741

Кишвар
Касб(ҳо)

оҳангсоз

Асбоб

скрипка[d][4], harpsichord[d] ва pipe organ[d]

Сабк

опера, Мусиқии камеравӣ ва мусиқии клоссик[d]

Номи мустаъор

il Prete Rosso[4]

Соядаст
Соядаст
Commons-logo.svg Аудио, фото, видео дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Вивалди дар солҳои кӯдакӣ дар навохтани скрипка моҳир гардид. Аз с. 1714 роҳбари оркестр ва хори Консерваторияи Делла Петтаи Венетсия буд. Дар назди падараш, шояд дар назди Ҷ. Легренси таълим гирифтааст. Бо кушиш ва пурэҳсосии худ, ҳамчун скрипканавози моҳир фарқ мекард. Ба навоварӣ, серамалии ҷасурона, унсурҳои ғайридинӣ дар эҷодиёти В. на танҳо иҷрои пурҳарорати ӯ, балки, аз ҷониби вай шунида тавонистани пардаҳои сурудҳои маишии муосири итолёӣ мусоидат намудаанд. Вивалди яке аз композиторони сермаҳсул дар таърих буда, зиёда аз 40 опера,446 (дар баъзе маъхасҳо 465) консерти созӣ, ораторияҳо, кантатаҳо, мотетаҳо, мусиқӣ барои созҳои нафасӣ, асарҳои созиву камеравӣ ва вокалӣ эҷод кардааст. Вивалди яке аз асосгузорони жанри консерт барои созҳои якканавозӣ (скрипка, виолончел, виола д,амур, фагот, флейта, гобой, труба ва ғ.) бо оркестр мебошад. Мусиқии оркестрии ӯ бо тасвирнокии равшан, обуранги халқӣ фарқ мекунад (мас., чунинанд, силсилаи аз 4 –то консерти «Валсҳои сол» - намунаҳои аввали мусиқии симфонии барномавӣ). Асарҳои В. имрӯз низ қимати худро гум накардаанд, дар репертуари таълимии скрипканавозони ҷавон дохил карда мешаванд. [5]

ЭзоҳВироиш