Муҳаммад Закариёи Розӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Шухрат Саъдиев moved page Закариёи Розӣ to Муҳаммад Закариёи Розӣ: ивази номгузорӣ
No edit summary
Сатри 29:
== Зиндагинома ==
[[File:Colofón-Libro de Medicina de Razi.jpg|thumb|Матн дар охири "Китоб-ут-Тиб"-и Розӣ.]]
Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ дар шаҳри [[Рай]] [[28 август]]и [[соли 865]] мелодӣ (соли 251 ҳиҷрӣ) дар оилаи [[косиб]] ба дунё омадааст. Солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш шаҳри [[Рай]] мегузарад. Аз маълумоте, ки дар «Китоб-ут-тиб – ул – Мансурӣ» мавҷуд аст, бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр бо касби [[заргар]]иву саррофӣ шуғл варзида, дар як давраи муайян ба ҳаваси кимиёгарӣ дар пайи омӯхтани илми [[кимиё]] мегардад. [[Абӯрайҳони Берунӣ]] (973 -1048973—1048) дар «Феҳрасти майлу рағбат доштани Закариёи Розӣ» ном асараш дар бобати ба илми кимиё шавқу ҳавас доштани Закариёи Розӣ чунин гуфтааст: {{аввали иқтибос}}«Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид».{{охири иқтибос|сарчашма=}} Розӣ аз овони ҷавонӣ бо омӯхтани илму адаб ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Ҳисси кунҷковию кӯшиши донишандӯзии ӯро дақиқае тарк нанамуданд.
 
Тазаккур бояд дод, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ дар овони ҷавонӣ монанди дигар кимиёгарон аз пайи орзуи ёфтани иксир шуда буд, ки ба воситаи он маъданҳоро ба [[тилло]] баргардонад, валекин баъдтар аз ин амал даст кашид ва ҷилави истеъдоди донишро бар сӯйи майдони илми [[тиб]], ҳикмат, [[риёзиёт]], фалакиёт ва адабиёт баргардонид. Закариёи Розӣ аввал ба хидмати ҳокими Рай – Мансур ибни Исҳоқ ибни Аҳмад ибни Асад, ки солҳои 290 – 296290–296 ҳиҷрӣ (902-908902—908) ҳукуматдорӣ кардааст, ба вазифаи сарвари [[бемористон]] адои вазифа намуда, баъд аз чанд соли хидмат ин мутафаккири барҷаставу табиби ҳозиқро ҳокими Бағдод ба дарбори худ даъват мекунад. Дар сарчашмаҳо оид ба сарвари бемористони Бағдод таъин шудани Закариёи Розӣ ривоятҳои зиёд оварда шудаанд. Закариёи Розӣ баъд аз солҳои зиёд дар бемористони [[Бағдод]] хидмат намудан ва соҳиби тахаллуси «табиби мористонӣ» шудан ба зодгоҳаш бармегардад. Ӯ як қисми умрашро дар [[Мовароуннаҳр]] гузаронида ва бо доираҳои илмии ин кишвар робитаҳо дошта аст. Дар охири умри худ нобино шуда, дасташ аз кор монда будааст. Файласуф ва табиби мушкилкушо, кимиёгари маъруф Закариёи Розӣ дар байни соли 320 ҳиҷрӣ ([[25 октябр]]и [[соли 925]] мелодӣ) аз олам чашм пӯшидааст.
 
Аз оғози ҷавонӣ ва таҳсилоти ӯ иттилое дақиқ ҷуз он чӣ тазкиранависон навиштаанд, дар даст нест. Дар бархе аз сарчашмаҳои асримиёнагӣ омадааст, ки Закариёи Розӣ гӯё [[Мансур ибни Нӯҳ]] ибни Насрро (ҳукмрониаш с-ҳои 961 – 976961–976) табобат кардааст. Бархе гуфтаанд, ки ӯ дар айёми ҷавонӣ [[заргарӣ]] мекардааст ва баъзе навиштаанд, ки ӯ дар оғоз [[сарроф]] будааст. Пешаи заргарӣ ва саррофӣ таваҷҷӯҳи ӯро ба самти илми [[кимиё]] равона кардааст, то ки битавонад гавҳари филизотро дигаргун созад. Дар натиҷаи шуғли пайвастааш бо ин фан, наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашмҳои ӯ дучори беморӣ гардиданд ва ӯ аввал ба муолиҷа пардохта, сипас ба [[тиб]] рӯй овардааст.<ref name="ReferenceA">З.Акрамӣ, Б. Қурбонов, Ҳ. Мақсадов. Ҳаёт ва фаъолияти Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ // Муаррих. (маҷаллаи илмӣ) № 2 (6) 2016 С. 3-9</ref>
 
Дар маъхазҳо омадааст, ки ӯ барои дармони дарди [[чашм]]и худ назди каҳҳоле рафт. Каҳҳол барои дармон понсад динор талаб кард ва ӯ ночор онро бипардохт. Сипас бо худ гуфт, ки {{аввали иқтибос}}«кимиёи воқеӣ илми тиб аст, на он ки ту бад-он машғулӣ»{{охири иқтибос|сарчашма=}} Баъдан аз илми кимиё дурӣ ҷуст ва ба илми [[тиб]] пардохт.
Ба иттифоқи тазкиранависон Закариёи Розӣ таҳсилоти худро анҷом дод ва ҳатто бархе тасреҳ кардаанд, ки ӯ пас аз чилсолагӣ ба кутуби тиббӣ ва фалсафӣ рӯй овард. Закариёи Розӣ барои фаро гирифтани нозукиҳои улуми тиббӣ ва фалсафӣ ба [[Бағдод]] омад. Бағдод дар он рӯзгор маркази мутарҷимони забардасти осори илми юнонӣ ба сурёнӣ ва арабӣ буд. Вуҷуди бемористонҳо дар замони Ҳорунуррашид (хилофаташ с-ҳои 786 – 809) ва Баромика боиси фароҳам омадани имконоти хубе барои мутолиоти Закариёи Розӣ гардид. Бархе аз сарчашмаҳо навиштаанд, ки Закариёи Розӣ бемористони Аздиро дар [[Бағдод]] идора мекард, ин ҳамон бемористоне будааст, ки Бадр – ғуломи Мӯътазид (хилофаташ с-ҳои 892 – 902892–902) дар а. IX бунёд карда будааст, ки баъдан бо номи «Бемористони Мӯътазидӣ» иштиҳор пайдо кард, вале бо мурури айём ба «Аздӣ» маъруф гаштааст.
 
Закариёи Розӣ пас аз фарогирии улуми мухталиф муддате ба зодгоҳи худ – Рай рафт ва сарварии бемористони он ҷоро ба ӯҳда гирифт. ӯ дар бахшҳои гуногуни китобҳои худ ба бемористони Рай ишора кардааст. Муаррихон исбот кардаанд, ки Закариёи Розӣ ба сабаби аз ҳад зиёд машғул шудан бо таҷрибаҳои кимиёӣ, доимо сару кор доштан бо оташ, аз пурхонӣ ва хусусан аз китобхонии шабона ба дарди чашм дучор мешавад. ӯ дар ҷустуҷӯи роҳҳои муолиҷаи [[чашм]] маҷбур шуд, ки ба омӯзиши илми тиб пардозад.
Сатри 46:
Закариёи Розӣ [[илм]]и [[тиб]]ро ба дараҷае мукаммал омӯхта, чунон табиби ҳозиқ шуд, ки муосирон ӯро "Ҷолинуси араб" номидаанд. Нафақат сардухтури шаҳри азизаш Рай, балки садри бемористони асосии хилофати [[Бағдод]] таъин шудани Закариёи Розӣ далели обрӯю эътибори баланд ва [[табиб]]и ҳозиқ будани вай мебошад. Закариёи Розӣ мероси [[илм]]ии бисёр духтурони намоён, аз ҷумла мероси дастпарварони [[Академияи Ганди Шопур]]ро ба хубӣ медонист ва мукаммал аз бар карда буд.
 
Муҳаммад Закариёи Розӣ қариб 238 китоб ва рисола навиштааст. Мутаассифона аксарияти онҳо несту нобуд гардида ва имрӯз фақат 30 ҷилд аз осори ӯ боқӣ мондаасту халос, ки аксарияташон ба забони арабӣ нигошта шудааанд. Осори бойи Закариёи Розӣ аз 164 то 234 номгӯй асарҳои хурду калонро ташкил медиҳад. Мероси ба тиб бахшидаи ӯ зиёда аз 60 китобу рисолаҳоро дар бар мегирад. Ба муҳимтарин асарҳои энсиклопедии донишманд ''«Китоб – ул- ҳовӣ»'' ва ''«Китоб – ут –тиб ул - Мансурӣ»'' дохил мешавад. Китоби якум номбаршуда аз 30 ҷилд иборат буда, тамоми шохаҳои тиббӣ – назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад. Дар китоби мазкур назария ва комёбиҳои пешқадами илми тибби қадимаи юнонӣ, ҳиндӣ, арабӣ, форсиву тоҷикӣ, дар навбати аввал таҷрибаи амалии худи ҳаким гирд оварда шудааст. Ин асар соли 1279 ба [[забони лотинӣ]] тарҷума ва дар соли 1486 нусхаи чопии он дастраси аврупоиён гардид. Такроран ин шоҳасар ба забони лотинӣ боз ду маротиба дастраси табибону донишмандони мамолики зиёди ҷаҳон мегардад. Асари дигари Закариёи Розӣ ''«Китоб – ул чадори вал хасба»'' (китоби нағзак ва сурхак) бо забони лотинӣ, юнонӣ, англисӣ ва немисӣ тарҷума шуда, 49 маротиба пайи ҳам нашр гардидааст.
 
Закариёи Розӣ доир ба илми кимиё 22 китобу рисола таълиф намудааст. Муҳаммад Закариёи Розӣ ба ғайр аз кимиёгар буданаш, ҳамчунин бо маҳорати бузурги тиббӣ ва осори бойи абадзиндаи илмиаш на танҳо дар пешрафт ва равнақи тиббу табиатшиносии олам саҳми ниҳоят бузург дорад, балки ӯ дар таърихи илму маданияти ҷаҳонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Китобу рисолаҳои эҷоднамудаи ӯ ба таълиму тарбияи кимиёгарон, табибон, барои сохтмони табобатхонаҳо, муолиҷаи бемориҳои алоҳида, тартибу хӯроку об ва дигар мушкилоти барои ҳифзи саломатии инсон зарур бахшида шудаанд. Бояд гуфт, ки дар он замон амалияҳои тиббӣ ба амалияи кимиёӣ алоқаманд буд, бинобар ин асарҳои эҷодшудаи Закариёи Розӣ дар кимиёгарӣ ва тибби имрӯза низ иртиботи қавӣ дорад.<ref name="ReferenceA"/>
Сатри 93:
 
==Тилло ва нуқра==
Муҳаммад Закариёи Розӣ дар натиҷаи омӯзиши маъданҳо роҳҳои омӯзиши омехтаҳои тиллодорро шарҳ додааст. Дар асарҳои ӯ моддаҳои гуногун ёдовар шуда, зарфҳои гуногуни кимиёӣ, таҷҳизот ва тарзҳои гуногуни истифодаи онҳо дар озмоишгоҳ нишон дода шудааст. Розӣ ба дуруст будани назарияи тарзии истеҳсоли сунъии тилло ва нуқра эътиқоди комил надоштааст, ки онро мо аз ду асари ӯ таҳти унвони «Меҳнат – ул заҳаб», «Алфизоти ва мезона табиӣ» ва «Фи ана саноатил – кимиёи ақрабу илал вуҷуд минҳо илал иминоъ» мебинем. Ин нуқтаро инчунин дар китобҳои дигари ӯ «Китоб -ул -асрор» ва «Китоб-ул- сирил асрор» низ метавон дарёфт кард. Аз боби аввали «Китоб - ул – асрор» дар маърифати ақоқир, яъне дар бораи адвия, ки аз қисми таркиби решаи наботот ба даст меояд, маълумот пайдо мекунем. Аз қисми дигари китоб, ки ба номи «Дар маърифати олот» ёд мешавад ба хулосае омадан мумкин аст, ки асари мазкур дар иртиботи кимиё таълиф шудааст. Ва аз порчаҳои асарҳои то ба мо расида маълум мешавад, ки Закариёи Розӣ то андозае ба роҳҳои тадбиқи санъати дарёфти тилло ва нуқра мароқ зоҳир карда будааст. Муҳаммад Закариёи Розӣ дар муқаддимаи «Китоб – ул – асрор» дар хусуси асрори пинҳон кардаи файласуфони гузашта: Оғосозимус Ҳирмиз, Аристотелис, Холид ибни Язид ва Ҷобир ибни Ҳайён маълумоти кофӣ додааст, ки моҳияти он маълумотҳо ба дониста гирифтани се маърифат вобаста аст.
# Маърифати ақоқир, яъне дар бораи адвия;
# Маърифати олот;
Сатри 152:
Закариёи Розӣ муфассал таомули кимиёиро, ки анҷом додааст, тартиб дода, асбобҳоеро, ки дар озмоишгоҳи кимиёӣ истифода карда буд, тасвир кардааст, ки онҳо чунинанд бута (тигел), комагирак (шипци), миқроз (қайчӣ), сҳон (сӯян) шишаи ғунҷоишӣ (колба), қиф, ҳован (ӯғурча), ҳаммоми обӣ, истакони кимиёӣ ва ғайра. Бута -зарфи гудозиш ва гарм кардани маводи гуногун мебошад. Бутаро аз филиз,графит, чинӣ ё материалҳои маводи муқовими оташ месозанд. Дар он замон ин асбобро барои гарм кардани маводе, ки барои гузаронидани таомули кимиёӣ лозим буд, мавриди истифода қарор медоданд.
Ҳамчунин Закариёи Розӣ тарзи тоза кардан,софкунии моеъ,сӯрохкунӣ, ҳал кардани метал дар симоб (ба даст овардани амалгама, сири оина, омехтаи ягон филиз бо симоб) ва инчунин ҳангоми гарм кардан аз ҳолати ҷомид якбора ба газ табдил ёфтани мода, яъне тасгияҳоро медонист, ки имрӯз онро сублиматсия мехонанд.
Яке аз саҳифаҳои бойтарини таърихи кимиёи садаи дуюми исломиро Муҳаммад Закариёи Розӣ ташкил медиҳад, ки ӯ чӣ дар илми кимиё ва чӣ дар илми тиб саҳми босазое гузоштааст. Нисбат ба тамоми кимиёгарони мусулмон Закариёи Розӣ бештар дар масъалаи табдили санъати кимиё ва кимиёгарӣ ба илми кимиё кӯшиш ба харҷ додааст. Воқеан , Закариёи Розӣ ҳанӯз дар он замон вазнҳои қиёсии маводи гуногунро бо ёрии вазнҳои гидростатикӣ муайян менамуд. Ӯ ба тарзи илмӣ тариқаҳои тоза кардан,софкуниии моеъ, сӯрохкунӣ, амалгамасозӣ ва инчунин ҳангоми гарм кардан аз ҳолати ҷомид ба ҳолати дигари агрегатии мода, яъне ба газ табдил ёфтанро медонист. Ӯ роҷеъ ба барқарор намудани филизот бо роҳи озод намудан аз омехтаҳоро медонистааст. Розӣ китобҳои зиёде эҷод кардааст. Асарҳои ӯ ва корҳои илмию таҷрибавии ӯро бо забонҳои гуногун тарҷума намудаанд. Як қатор олимони Аврупо ба корҳои Закариёи Розӣ баҳои баланд дода, ӯро олим ва донишманди бузург, асосгузори илми кимиё шуморидаанд.<ref name="ReferenceA"/>
 
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ аксарияти илмҳои замонашро аз устодаш Ҷобир ибни Ҳайён фаро гирифта худ саромад ва устоди бузурги ин риштаҳои илм гардидааст. Ин дастовардҳои илмии Закариёи Розӣ ба илми Аврупо таъсири назаррас расонида, номи ӯро ба қатори саромадони тамаддуни башарӣ шомил гардонида аст.