Сайид Қиёмиддини Ғозӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 58:
Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ барои пешбурди аҳдофи исломӣ ва озодихоҳона ва мубораза алайҳи Комунист ва бедории миллат ва ҷамъоварии ҷавонони бо имон ва ғайюр пешниҳод доданд, ки созмони исломиеро таъсис бидиҳанд, то битавонанд миллатҳои мусалмони Осиёи Миёнаро бо исломи азиз ошно сохта ва миллатҳоро аз зери зулму ситам раҳои бахшанд.
 
== Комисиюни оштии миллӣ ==
Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар ин робита мегӯянд: « Баъд аз онки миёни мо эътимоди комил барқарор шуд аввалинбор масоили сиёсӣ ва инқилобҳои ҷаҳон аам аз инқилобҳои исломӣ ва ғайри исломиро, ба марҳум Нурӣ матраҳ намудам ва аз шахсиятҳое бузурги ҷаҳони Ислом ва ғайра бо ишон суҳбат намудам, албатта банда намедонистам, ки оё ишон низ аз ҷое илҳомоти сиёсӣ мегирифтанд ё на, вале аз ман мерусиданд, ки ин масоилро аз куҷо мегӯӣ аз кадом манбаъ фарогирифтаӣ? Дар ҷавобаш мегуфтам, ки як рӯз шуморо низ ба он манбаъ васл мекунам.
Дар ин маврид Толибшоҳи Сайидзода ингӯна изҳор медоранд: « Дар замони сулҳ саҳми Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар роҳи расидан ба Сулҳ ва иттиҳоди миллӣ назаррас буда, мазкур солҳои 1997-2000-ум узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комисиюни оштии миллӣ буданд. Барои хидматҳои арзандаашон дар татбиқи Созишномаи Сулҳ бо ордени „Шараф“ мукофотонида шудааст»<ref name=":1">{{Cite web|url=http://millat.tj/archive/726-shoni_qiyomuddini__g_388.html|title=Эшони Қиёмуддини Ғозӣ: - Рӯзномаи Миллат|author=|website=millat.tj|date=|publisher=Миллат|lang=tg|accessdate=2018-06-19}}</ref>.
 
Охирҳои соли 1972 марҳум устод Нурӣ бандаро ба хонаи падариаш даъват карданд. Дар манзили падари марҳум Нурӣ ҳардуямон танҳои танҳо то саҳар дар бораи эҷод ва бунёди як ҳаракат ва ё як пойгоҳе барои бедории миллат, таълиму тарбият, савод омӯзии ҳамагонӣ ва ғайра баҳс ва гуфтугу кардемд ва дар охир ба ин натиҷа расидем, ки афрод ва ашхосеро бо худ ҳамроҳ ва ҳам фикру ақида кунем ва як маҷмуа ташкил бидиҳем. Сипас баъд аз пухта шудани ҳарфҳо ва барномаҳоямон ашки шодӣ рехтем ва аҳди бародарӣ баста ва дар пай ҷӯстуҷӯи ашхос ва афроди инқилобӣ ва муътамад гаштем»<ref>Мусоҳабаи ихтисосӣ бо Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, дар таърихи 25.06.2012.</ref>.
 
Баъд аз чанд моҳе Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ мулло Қорӣ Муҳаммадҷонро ҳам фикру ҳам ақида карданд, ки одами фаҳмида, шуҷоъ ва ҳушёре буда аст ва устод Нурӣ (рҳ), дӯсти доимии худ ба номи мулло Неъматуллоҳ ва ҳамчунин мулло Қаландарро, ки бо мулло Неъматуллоҳ дар як мағоза кор мекарданд ҳамроҳи худ ҳам ақида намуданд.
 
Дар ҳамон сол (охирҳои соли 1972) ин созмони навпои исломӣ ҷаласаи дуюми худро дар шаҳри Қурғонтеппа ва дар манзили мулло Қаландар барпо намуд, ки аъзои онро ҳамин панҷ нафар ташкил медоданд: Саидабдуллоҳи Нурӣ, Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, Қорӣ Муҳаммадҷон, мулло Неъматуллоҳ ва мулло Қаландар.
 
Онҳо барои расидан ба аҳдофашон 4 шуъба ташкил доданд шуъбаи аввал: таълим ва тарбият, ки Қорӣ Муҳаммадҷон масъулияти онро ба дӯш доштанд. Шуъбаи дуюм: Иршод, ки ба Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ мавкул шуда буд. Шуъбаи сеюм: Пул ва мол, ки ба мулло Қаландар вогузор шуда буд. Шуъбаи ҷорум: Ахбор ва иттилоот, ки ба уҳдаи мулло Неъматуллоҳ гузошта шуда буд. устод Нурӣ (рҳ), ба ҳайси бузургтар назорат мекарданд.
 
Созмони исломие, ки Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ва устод Саидабдуллоҳи Нурӣ (рҳ) дар соли 1972 поягузорӣ карда буданд дар тӯли таърих исмҳои гуногӯне дошта аст. Дар ин бора Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ мефармоянд: " Наҳзат, аз аввал номаш ин набуд. Чанд боре исмаш ба сабабҳое тағйир карда аст. Дар аввал " Бародарони Мусалмон " буд. Сипас " Ҷамъиятул исломӣ " номгузорӣ шуд. Баъд аз он " Ҷамоатул исломӣ ". баъд аз муддате " Наҳзатул исломӣ " ва дар охир " Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон " номгузорӣ шуд.
 
=== Раҳбари расмӣ пайдо кардани наҳзат ===
Дар ин робита Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ мегӯянд: « Ҳудудан соли 1978 буд, бо вуҷуди пешрафтҳои чашмгир ва васеи наҳзатҳои исломии Тоҷикистон ва Узбекистон қарор бар он шуд, ки ҳардуи ин наҳзатҳо як кодри раҳбарӣ дошта ва дар сояи як раҳбар фаолиятҳои худро идома бидиҳанд. Аз тарафи наҳзати исломии Тоҷикистон марҳум Нурӣ номзад буданд ва аз тарафи наҳзати исломии Узбекистон ҷаноби Аллома.
 
Бар ҳамин сабаб дар ҳамон сол дар манзили қиблагоҳ Худо раҳматаш кунад ҷаласа доир шуд ва мо мунтазири ҷаноби Аллома будем, вале хабари шаҳодати ишонро шунидем. Баъд аз баъе аз аъзои аршади Наҳзат минҷумла мулло Амруддин, мулло Айёмуддин ва баъзе аз дӯстон номи аз банда ҳимоят намудаанд, вале банда бинобар абабҳое инсироф додам»<ref name="ReferenceA"/>.
 
=== Тазоҳуроти соли 1986 ===
Фаолиятҳои Наҳзат идома дошт то ин, ки соли 1986 ҳазрати устод Нурӣ (рҳ) боздашт мешаванд. Дар ин замон Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ бо Қорӣ Муҳаммадҷон ва мулло Амруддин аввалин тазоҳуротро дар Шуравӣ дар дифоъ аз устод Нурӣ (рҳ) роҳ андозӣ мекунанд.
 
Ин тазоҳурот ба муддати 3 рӯз тӯл кашида ва дар он болиғ бар бист ҳазор нафар ширкат доштанд. Ин тазоҳурот дар бисёре аз кишварҳои хориҷӣ хабараш расида ва барои кохи Крелин як шикасти асосӣ маҳсуб мешуд. Шиорҳои ин тазоҳуротро марҳум ҳазрати Эшони Сайид Имомуддини Ғозӣ (раҳматуллоҳ алайҳ) омода мекарданд ҳамчун: « Роҳи мо роҳи Алист, бирав гумшав Комунист». Ва ё ин шиори машҳури Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, ки мегӯянд: « Ё Аллоҳ ё Аллоҳ иҳфазлано Абдаллоҳ Абдаллоҳ».
 
== Боздоштҳо ва шиканҷаҳо ==
Ба таври қатъӣ ҳар онки дар роҳи дин ва барои пешбурди аҳдофи динӣ ва исломӣ қадам монда аст бо мушкилот, шиканҷа, табъид, шаҳодат ва ғайра мувоҷеҳ шуда аст. Чун ин масири пур хатар ин машаққатҳои лаззатбахшро ба ҳамроҳ дорад. Аксари уламо ва бузургон аз ин қоида мустасно набудаанд дар тӯли таърих. Минҷумлаи он олимону бузургон ва муҷоҳидони роҳи ҳақ ҳазрати Эшони Сайид Қиёмуддин мебошанд, ки ишон низ борҳо ва борҳо боздошт шуда ва шиканҷа шудаанд. Худи ишон дар ин бора мефармоянд:
 
« Банда борҳо дастгир шуда ва шиканҷа шудаам. Аввалинбор ба соли 1979 бар мегардад, ки ба Тирмиз сафар кардам ва дар онҷо бар алайҳи давлати Комунисм суханрони карда ҷавононро аз рафтан ба Афғонистн барҳазар доштам. Дар оғози ҳамлаи давлати комунистӣ онҳо ҷавонони мусалмонро фариб дода ба онҳо мегуфтанд, ки Амрико ба Афғонистон ҳамла карда аст ва бояд шумо ҷавонони мусалмон ба онҷо рафта ҷиҳод кунед аз ҳамин қабил ҳарфҳои дурӯғ мегуфтанд. Банда онҷо як ҳафта суханрони карда ба ҷавонон гӯшзад менамудам, ки шумо ба ҷанги бародаркушӣ меравед на ҷиҳод. Баъд аз як ҳафта боздошт шудам.
 
Борҳо ва борҳо боздошт шудаам шиканҷаҳои мухталиф шудаам назири нохункашӣ, хомушкардани сигор дар бадан ва ғайра. Албатта Худоро шокирам, ки ҳеҷгоҳ ба муддати зиёд ҳабс нашудаам. Дар он замон ҳар кадом аз Наҳзатиҳо номи мустаор доштанд. Барои инки Давлат моро шиносоӣ накунад. Масалан номи мустаори банда мулло Солеҳ буд ва номи мустаори Қорӣ Муҳаммадҷон Ҳамза буд»<ref>Аз маҷмуа савтҳо таҳти унвони «Зиндагинома ва хотироти Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ».</ref>.
 
== Ҳукумати эътилофӣ ==
Бинобар нақл баъзе аз муҳаққиқон, пеш аз шуълавар шудани ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992 ҳизбҳои муҳим ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чандинбор бо аъзои давлат ва Раҳмон Набиев дидор дошта то давлати эътилофӣ ташкил диҳанд то ҷилави фитнаи хонумонсӯзро бигиранд. Дар ин боро Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ингӯна изҳори назар мекунанд:
 
« Дар замони инқилоб, Набиев Рамазон Мирзоевро фиристод (албатта банда бо Рамазон Мирзоев ошноии дерина доштам), ки бо ҳам гуфту шунуд кунем ва ин нооромиҳо поён ёбад. Баъд аз машварат бо марҳум Нурӣ ва аъзои аршади Наҳзат қарор бар ин шуд, ки гуфтугӯ кунанда банда бошам. Банда пешниҳод кардам, ки ҳамин ҳукумати Набиевро то 4 соли оянда ба расмият бишносем ва мо дар тӯли 4 сол, ки вақт дорем ба кадрсозӣ муводират меварзем пас аз он расман ворди интихобот мешавем баъзеҳо аз ин пешниҳоди банда истиқбол карданд аз ҷумла мулло Амруддин.
 
Аз тарафи Наҳзат дар музокара банда будам, Махдум Исматуллоҳ, ва ду нафари дигар ҳам буданд(исмҳояшон алҳол дар зеҳнам намонда аст). Аз тарафи давлат худи Набиев, Рамазон Мирзоев, Ҳувайдуллоҳев ва як вазир ба номи Ғафуров буданд. Аввалин ҷаласаи мо дар вазорати Транспорт ва дуюуминбор дар Ташхис баргузор шуд. Хулоса мо чандин маротиба дидор ва гуфту шунид кардем ва як ҳукумати Эътилофӣ бунён кардем, ки аз 32 вазорат, риёсат ва кумитаҳо иборат будан, 16 вазорат таксим шуд. Қозиёт ва Қозӣ калон дар ҷои худ боқӣ бимонанд.
 
Аз ин гуфту шунидҳо Кенҷаев низ бо хабар шуда буд, ки ду бор бо ӯ низ дидор доштам. Бори аавал дар майдон баъд аз суханрони дар дохили мошин нишаста 2,3 соат суҳбат кардем, ки дар охир ҳарфҳоямон баланд шуд ва ба ягон тавофуқе нарасидем зеро, ки ӯ худхоҳ ва мутакаббир буд.
 
Бори дуввум дар хонаи яке аз ҷиҳанҳояш дар рустои Ҷуйбодом, ки аз аввали шаб то субҳ суҳбат кардем ва хостааш ин буд, ки 16 вазорат моли шумо, аммо тарафи музокараи шумо ман бошам на Набиев.
 
Яке аз ихтилофоти банда ба ӯ ин буд, ки ӯ хонадони Ҳазрати Тураҷонро нодида мегирифт. Банда ба ӯ гуфтам ту, ки парваришёфтаи ҳамин хонадони, ту ки нону намак хури ҳамин хонадони, ту ки инқадар бевафоӣ аз куҷо маълум, ки фардо ба миллат ва дигарон вафодор боши. Дар ин робита ҳарфҳо зиёд аст, ки чаро музокароти ҳукумати эътилофӣ ба натиҷаи ниҳоӣ нарасид ва ё масъалаи ҷанги дохилӣ ва таҳмилӣ ва ҳамчунин масъалаи сулҳ, ки мутаассифона замони гуфтани ҳақоиқ ҳанӯз ҳам фаро нарасида аст, иншоаллоҳ ба вақташ хоҳам гуфт»<ref name="ReferenceA"/>.
 
== Инқилоб ва муҳоҷарат ==
Ҷаноби Толибшоҳи Сайидзода воқеаҳои он солҳоро ингӯна нақл мекунанд: « Солҳои 1990—1992 дар оғози муборазаҳои миллӣ ва истиқлолиятхоҳӣ, ки осафо он ҳама талошҳо ба муқовамати мусаллаҳонаи байни гуруҳӣ табдил шуд, номи Эшони Қиёмуддини Ғозӣ дар радифи номҳои уламои саршиноси исломии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Эшони Сайидашраф, Қорӣ Муҳаммадҷон, Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, ҳатто баландовозатар ва маъруфтар аз ному пайкори Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд.
 
Мавсуф бо мавъизаҳои таҳрикбахш, бо шиорзаниҳои ранги ҷадид доштааш шӯҳрат ёфта то имрӯз шиори сардодаи Ишон „ИТТИҲОД ИТТИҲОД РАМЗИ ПИРӮЗИСТ“, ки воқеъан беҳтарин даъват аст, маъниашро ҳеч гум накардааст. Ӯ-ро аз нахустин доъиёни сиёсии майдонҳои таҷаммӯъи тоҷикон дар охири қарни бистум шинохтаанд. Эшони Қиёмуддини Ғозӣ бо Қорӣ Муҳаммадҷони Ғуфрон, аз аввалинҳо буданд, ки таҷаммӯъи беш аз бистҳазораи Майдони Шаҳидон (Майдони назди Кохи Райёсатиҷумҳурӣ) баҳори соли 1992 барояшон унвони „генерали мардумӣ“ дода буд»<ref name=":1">{{Cite web|url=http://millat.tj/archive/726-shoni_qiyomuddini__g_388.html|title=Эшони Қиёмуддини Ғозӣ: - Рӯзномаи Миллат|author=|website=millat.tj|date=|publisher=Миллат|lang=tg|accessdate=2018-06-19}}</ref>.
 
Дар соли 1992 замон шуруи инқилоб Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ муҳимтарин суханорони майдон ба ҳисоб меомаданд. Баъд аз он, ки аъзои Наҳзат шуруи ҷанги дохилиро хадс зада ва дарк карданд, ки фоҷиаи азиме дар роҳ ҳаст барои ҳамин аъзо тасмим мегиранд, ки намояндае ба давлати исломии Афғонистон бифристанд. Устод Нурӣ (рҳ) мегӯянд, ки ин масалаи хатир ҷуз аз уҳдаи Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз уҳдаи каси дигар барнамеояд.
 
Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ бори аввал бо фиристодаи вижаи устод Раббонӣ (рҳ) мехостанд аз тариқи марзи ҷумҳурии Узбекистон вориди давлати исломии Афғонистон шаванд, аммо баъд аз 16,17 рӯз талош муваффқ нашуданд сипас ба Тоҷикистон бозгашта аз тариқи сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар таърихи 20,09,1992 ба ҳайси меҳмони вижа вориди Теҳрон мешванд ва баъд аз мулоқоти бо бузургони он замони Ҷ.И.Эрон ва бо кумакҳои фаровони онҳо барои муҳоҷирин вориди давлати исломии Афғонистон мешаванд ва барои муҳайё кардани ҷойҳои зиндагии муҳоҷирон 6 моҳ талош мекунад ва баъд аз он ором — ором дигар бузургони Наҳзат вориди давлати исломии Афғонистон мешаванд.
 
== Аввалин ҷаласа дар шаҳри Толиқони Афғонистон ==
Пас аз онки марҳум Устод Нурӣ (рҳ) ва дигар аъзои аршади Наҳзат ба давлати исломии Афғонистон ворид мешаванд, аввалин ҷаласа дар шаҳри Толиқони Афғонитон ба раҳбарияти Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ баргузор мегардад дар ин бора ишон мефармоняд:
 
« Тақрибан баъд аз гузаронидани 6,7 моҳи муҳоҷарат ва сахтиҳо ва ранҷҳо ва машаққатҳои тоқатфарсо билохара бузургони Наҳзат ташриф оварданд ва бо қабул кардани масъулиятҳо ва хадамот, фаолиятҳои банда камтар шуд ва эҳсоси оромиш кардам. Аввалин ҷаласа дар Толиқон баргузор гардида ва вазифаҳо тақсим шуд, албатта бандаи ҳақир бидуни ҳеҷ масъулияте монда ва мисли сарбози радавой шудам (бо ханда). Дар ҳамон ҷаласа ва то чанд вақти дигар баъзе аз бузургони Наҳзат дар пайи тақсимоти вазоиф махсусан раҳбарияти Наҳзат ихтилоф доштанд, ки банда дар ҳамон ҷаласа сароҳатан эълом гамудам, ки раҳбарият мисли гузашта ба дӯши марҳум Нурӣ мебошад ва раҳбар ду то буда наметавонад, ва илло ба фасод кашида мешавад. Ҳамон суханронии банда дар ин маврид, яъне агар дуто раҳбар шавад якеш ба шарқ тамоюл мекунад ва дигари ба ғарб ва натоиҷи бисёр бад ба ҳамроҳ дораад, дар он замон маъруф буд»<ref name="ReferenceA" />.
 
== Масъалаи Сулҳ ==
Дар ин баҳси пур талотум Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ҳарфҳои нагуфта зид доранд ва ба қавли худашон бимонад барои баъд ва ба вақташ бисёр ҳарфҳо барои гуфтан дорам. Ишон тақрибан дар акс абармарди сулҳи Тоҷикистониёнро Устод Раббонӣ аст.
 
Дар ин маврид Толибшоҳи Сайидзода ингӯна изҳор медоранд: « Дар замони сулҳ саҳми Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар роҳи расидан ба Сулҳ ва иттиҳоди миллӣ назаррас буда, мазкур солҳои 1997-2000-ум узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комисиюни оштии миллӣ буданд. Барои хидматҳои арзандаашон дар татбиқи Созишномаи Сулҳ бо ордени „Шараф“ мукофотонида шудааст»<ref name=":1" />.
 
== Сухани поёнӣ… ==
Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар бораи фаолияти худ баъд аз сулҳ ва то замони дар қайди ҳаёт будан устод Нурӣ (рҳ) ва баъд аз он дар Наҳзатро ингӯна баён медоранд:
 
« Банда ҳеҷвақт худамро аз Наҳзат ҷудо надидам ва намебинам худамро узви Наҳзат медонам. Ин ҳаракат, ҳаракати исломӣ ва мардумӣ аст. Банда дар ҳамаи интихобот фаолона барои Наҳзат таблиғот мекунам ин ҳарфи банда дар миёни авом машҳур аст, ки агар онқадар зури бар рӯи Наҳзати исломӣ хат бизан ва раъй худро ба каси дигар бидеҳ. Наҳзат фарзанд ва пораи тани ман ҳаст, бунёнгузошта шудаи худи ман ҳаст. Ин ҳаракат ҳаракати динӣ ва исломӣ аст ва муталлақ ба мардум аст. Аз Наҳзат ба монанди гавҳари чашм бояд муҳофазат шавад.
 
То замоне, ки марҳум устод Нурӣ дар қайди ҳаёт буданд банда ба унвони мушовири аршади ишон маҳсуб мешудам ва аксаран бо ҳам хилват доштем ва масоъилро барраси менамудем. Ҳатто машҳур аст, замоне, ки модараи Ишон фавтидан (дар он замон банда дар сафари корӣ будам ва ҳамон шаб иттифоқан баргаштам) марҳум устод Нурӣ ҳамонрӯз сароҳатан эълон карданд, ки ҳар вақт дар танги қарор мегирифтам ва ниёз ба машварат медоштам Худованди меҳрубон худи ҳамон лаҳза Эшони Сайид Қиёмуддинро бароям мефиристод.
 
Агар банда бо Наҳзат мухолиф бошам ҳамин алъон шогирдоне дорам, ки узви Наҳзат мебошанд ва дар онҷо фаолият мекунанд, бо як фармони банда қатъан онҷоро тарк мекунанд, аммо ҳеҷвақт ин корро накардам ва нахоҳам кард. Баъд аз даргузашти марҳум устод Нурӣ наҳзатиҳо ба банда муроҷаат накарданд ман ҳам фикр кардам, ки албат ба банда ниёзе нест барои ҳамин ман ҳам дигар ба Наҳзат нарафтам. Банда муътақидам, ки дар Наҳзат муҳраҳоро дар ҷои худ дуруст ва саҳиҳ истифода намебаранд ва кадрҳо ба таври истиъдод ва донишашон ҷо ба ҷо карда намешаванд».
 
== Боздошт ва ҳукми зиндон ==