Фарқият байни намунаҳои "Абдуфаттоҳ Шарифзода"

(→‎Фаъолияти илмӣ: илова, сарчашмаҳо)
== Фаъолияти илмӣ ==
Аъзои Шӯрои диссертационӣ оид ба ҳимояи рисолаҳо ба дарёфти унвони доктори илмҳои таърих дар назди Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи А.Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Шарифзода А.А. муаллифи бештар аз 70 китоб ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ доир ба проблемаҳои маориф, мактаби олӣ ва таърихи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи: «Таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон»; «Таҷрибаи таърихии тайёр намудани мутахассисон дар системаи таҳсилоти олии Тоҷикистон»; «Таърихи мактаби олии Тоҷикистон», «Муассисаҳои олии таълимӣ дар Тоҷикистон», «Алоқаҳои байналмилалии муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон», «Маҷлиси Олии (Парламенти) Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо се забон); «Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии (Парламенти) Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо ду забон), Тоҷикистон-20, Тоҷики оламшумул, Наҷотбахши миллат, Фархундапай ва ғайраҳо мебошад.<ref>[http://kartoteka.tsulbp.tj/rk.php?idkz=14 Фонди китобҳо/Шарфзода А.]</ref> Фархундапай Феҳристи таърихнигорӣ оид ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ғайраҳо мебошад.<ref>[http://www.prezident.tj/node/2148 Феҳристи таърихнигорӣ оид ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон/Шарфзода А.]</ref>
 
Шарифзода А.А. ҳамчунин китобҳои тарҷумаиҳолӣ, солномаҳо, асарҳои таҳлилию таърихӣ доир ба фаъолияти сиёсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва талошу тадбирҳои Сарвари давлат баҳри рушду пешрафти Тоҷикистон таҳия ва нашр намудааст. Силсилакитобҳои «Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллат», «Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳалаи созандагӣ», «Эмомалӣ Раҳмон ва соле, ки ба қарнҳо баробар аст», «Эмомалӣ Раҳмон ва соли фарҳанги оламгир», «Эмомалӣ Раҳмон ва соли тамаддуни ориёӣ», ки зери назари академик Талбак Назаров соли 2011 бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромадааст, аз ҷумлаи онҳоянд.