Фарқият байни намунаҳои "Абдуфаттоҳ Шарифзода"

илова
(→‎Фаъолияти илмӣ: илова, сарчашмаҳо)
(илова)
{{Олим
|ном =
|номи аслӣ = Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб Шарифзода
|тасвир =
|бар =
|тавсифи тасвир =
|санаи таваллуд = 26.05.1959
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ| ноҳияи Айнӣ }}, [[ҶШС Тоҷикистон]], [[СССР]]
|санаи марг =
|маҳалли марг =
|шаҳрвандӣ = {{Парчам| Тоҷикистон}}
|фазои илмӣ = таърих, сиёсатшиносӣ, китобхонашиносӣ
|ҷойҳои кор = [[Китобхонаи миллии Тоҷикистон|Китобхонаи давлатии миллии ба номи А.Фирдавсӣ]], [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]], [[Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон]], Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои [[Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил]] оид ба илм ва маориф, [[Котиботи матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]]
|дараҷаи илмӣ = {{дараҷаи илмӣ |доктор|илмҳои таърих}}
|унвонҳои илмӣ = {{унвонҳои илмӣ||1}}
|алма-матер = [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]
|роҳбари илмӣ =
|шогирдони маъруф =
|маъруф ба =
|мукофоту ҷоизаҳо = «[[Корманди шоистаи Тоҷикистон]]», «Медали ҷашнии 10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011)
|имзо =
|бари имзо =
|сайт =
|викитека =
|викианбор =
}}
 
'''Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб Шарифзода''' - Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, [[доктори илм]]ҳои таърих,, [[профессор]], Узви вобастаи АИ ҶТ
== Зиндагинома ==
Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб Шарифзода 26 майи соли 1959 дар деҳаи Сангистони [[ноҳияи Айнӣ|ноҳияи Айнии]] Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]ро бо ихтисоси таърихчӣ хатм кардааст.
Соли 1976 мактаб-интернати шаҳри [[Душанбе]], соли 1982 факултаи таърих ва соли 1987 шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Дар вазифаҳои муаллими фанни таъриху ҷамъиятшиносӣ ва асосҳои давлат ва ҳуқуқи мактаби миёнаи №19 ноҳияи Айнӣ, муҳаррири шӯъбаи илмӣ-тадқиқотии [[Китобхонаи миллии Тоҷикистон|Китобхонаи давлатии миллии ба номи А.Фирдавсӣ]], инструктор, муовини мудир, мудири шӯъбаи таблиғотии КМ ИЛКҶ Тоҷикистон, мудири шӯъбаи сиёсат ва фарҳанги Шӯрои Марказии Иттифоқии Ҷавонони Тоҷикистон, мушовир - сармутахассиси Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон, ёрдамчӣ ва мудири котиботи Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯстоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] кор кардааст.
Солҳои 2000-2003-ум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон, муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф дар шаҳри Санкт-Петербург, Раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакилон ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон интихоб гардидааст.
 
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон]]